Равзанаи адаб

Инсоне, ки дар "Матлаъуланвор" мавриди тавсиф ва ситоиши шоир қарор гирифтааст, ҳарчанд бештар дорои хислатҳои умумиинсонист, вале бо вуҷуди ин ў фарзанди замони худ аст.
Бинобар ин фикру андешаҳои шоир ба шароити таърихиву муҳити иҷтимоии он замон алоқаманданд. Беҳуда нест, ки шоир ҳангоми тавсифи дўстӣ аз кам будани ҳамсўҳбатони покдилу дўстони ҷонӣ дар он даврон шикоят мекунад:
Ҳамнафасоне, ки дар ин оламанд,
Бештарин маҳрами сўҳбат каманд...
Дўстӣ аз ҳар кӣ гумонат бувад,
Чун нигарӣ, душмани ҷонат бувад.
Ё худ дар ҷои дигари маснавӣ шоир эътирози худро ба ахлоқи ношоистаи синфи ҳукмрони давр ошкоро баён намуда, менависад:
Ин чӣ замон аст, ки дар ҳар тараф
Ҳаст ба фисқ аҳли замонро шараф.
Андешаҳои гуманистии Амир Хусрав дар маснавӣ бо ҷаҳонбинӣ ва тасаввуроту эътиқодоти динии ў сахт алоқаманд мебошад. Чунон ки маълум аст, шоир аз пайравони тариқаи чиштияи тасаввуф буд. Ҳанўз ин тариқа монанди дигар масъалаҳои тасаввуф тадқиқ нашудааст ва моҳияти таълимоти он пурра муайян нагардидааст. Аз маълумоти сарчашмаҳо ва асарҳои тадқиқотӣ бармеояд, ки тариқаи чиштия дар асрҳои XII-XIV дар байни оммаи васеи мардуми меҳнаткаши Ҳиндустон паҳн шуда, дорои баъзе анъанаҳои нисбатан демократӣ будааст. "Роҳбароин ин силсила,- менависад муаллифи "Таърихи Ҳиндустон дар асрҳои миёна",- ягон вазифаро ишғол намекарданд ва ба дарбори султонҳо равуо надоштанд" - Онҳо баробарии ҳамаи одамонро дар назди Худованд ва муҳаббат ба инсони бенаворо талқин менамуданд.
Мутолиаи "Матлаъуланвор" нишон медиҳад, ки Амир Хусрав ба ҷиҳатҳои нисбатан пешқадами ин тариқа таваҷҷўҳ дошта, пеш аз ҳама эҳтирому бузургдошти инсони оддии меҳнаткаш, покизагии ахлоқ, ташаккули инсони комил барин нуктаҳои онро мароми эҷодии худ қарор додааст. Ба иборати дигар дар тафаккури бадеии шоир пайвастагии ду ҷиҳати ҷаҳонбинии ў мушоҳида мешавад. Яъне, агар аз як тараф шоир андешаҳои инсондўстиашро барои талқини ақоиди тариқаи мазкур ва мазаммати нуқсонҳои аҳли тасаввуф истифода бурда бошад, аз тарафи дигар тавассути нуктаҳои тасаввуфӣ ғояҳои баланди инсондўстиро ифода кардааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо