Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро чунон ки Ф. Энгелс ҳам қайд карда буд, дар ҷамъияти феодалӣ ҳамаи навъҳои идеология ба шакли динӣ зоҳир мегардиданд.
Таъсири муҳит, махсусан, дар он фаслҳои маснавӣ, ки шарҳи баъзе масъалаҳои дину тасаввуфро дар бар мегирад, бештар мушоҳида мешавад. Вале мақсади асосии шоирро дар маснавӣ танҳо тарғиби ғояҳои динӣ шуморидан дуруст нест. Зеро шарҳи он масъалаҳо аз як тараф ба тақозои мавқеи ҳукмрони дин дар ҷамъияти онрўза сурат гирифта бошад, аз тарафи дигар шоир тавассути онҳо андешаҳои баланди инсондўстиро баён намудааст.
Масалан, фасли "Дар таҳсини диёнат" асосан ба тарғиби покдиливу додгустарӣ, ростиву росткорӣ ва мазаммати ҳарисиву тамаъкорӣ, фиребгариву дуздӣ, баддиливу сиёҳкорӣ бахшида шудааст. Ҳамчунин дар фасли мазкур ва дигар бобҳои маснавӣ хислатҳои манфур ва одатҳои зарарноки аҳли дину тасаввуф сахт мазаммат карда мешаванд. Аз ҷумла шоир дар хусуси сўфиёни тамаъкор менависад:

Оҳ, аз ин тоифаи зарқсоз,
Остини кўтаҳу дасти дароз...
Пашми сияҳшон на зи огоҳӣ аст,
Доми сияҳ аз паи сагмоҳӣ аст.
Зишт бувад сўфию майли зараш,
Мўй нею кўҳи гарон бар сараш.

Бинобар ин Амир Хусрав, ки дар муҳити дарбори феодалӣ мезист, аз таъсири идеологияи ҳукмрони давр дар канор набуд. Аз ин ҷост, ки инсони офаридаи ў баъзан зудбовару мутеъ, беиродаву рўҳафтода аст ва худи шоир ҳам гоҳо ба бадӣ созиш карданро талқин менамояд:

Кажсифатонро зи гардун мудом
Бартар аз арбоби басират мақом...
Он ки диҳад заҳр, наботаш расон
В-он ки кушад, оби ҳаёташ расон...

Ё ки:

Кори ҷаҳон чун ба кажон гашт рост,
Кўш ба нармӣ, ки дуруштӣ хатост.

Дар ҳақиқат, чунон ки Е.Э. Бертелс қайд мекунад, Амир
Хусрав аз сабаби дар муҳити дарбор буданаш ба дараҷаи Низомӣ масъалаҳои иҷтимоии даврро тезу тунд ба миён нагузоштааст.

пешина
аз 625
навбатӣ