Равзанаи адаб

Вале ба фикри ў, ки Амир Хусрав "ҷуръат намекунад ба мамдўҳони худ панд диҳад, вай мехоҳад онҳоро танҳо саргарм намояд ва барои аз доираи ғояҳои қобили қабули ашрофони феодалии он замон баромадан кўшише намекунад" розӣ шудан мумкин нест.
Зеро танҳо дар "Матлаъуланвор" шоир ба муҳити нобоби зиндагиаш дар дарбор нигоҳ накарда, бисёр фикру андешаҳои баланди ахлоқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ, фалсафӣ баён намудааст, ки ба ғояҳои ҳукмрони давр муқобил меистанд. Худи бузургдошту ситоиши инсони оддии меҳнаткаш, ки дар ҷамъияти феодалӣ қадру қимате надошт, аз ҷуръату рўҳияи баланди инсондўстии шоир гувоҳӣ медиҳад.
Амир Хусрав дар маснавӣ золимиву бераҳмӣ, беадолативу фосиқии шоҳону ҳокимони даврро маҳкум намуда, онҳоро ба адлу инсон, ростиву накўкорӣ, мардумпарвариву саховатмандӣ даъват мекунад:
Чун талаби дахли вилоят кунӣ,
Кўш, ки ҳукме ба риоят кунӣ....
Теғи баадл оинаи подшост,
Чун ба ситам рафт, калиди балост...
Шаҳ, ки на бар тахт ба тамкин бувад,
Шери намад, рўбаҳи пашмин бувад.
Ҳамин тавр, Амир Хусрав ба ҳар васила бузургӣ ва қадру қимати баланди инсонро таъкид намуда, бештар ба ташаккули ахлоқиву маънавии ў диққат медиҳад. Шоир барои тасдиқу тақвияти ин навъ андешаҳо усулҳои гуногуни бадеиро истифода бурда, панду ҳикматҳо, зарбулмасалу мақолҳо ва тамсилҳоро хеле фаровон ба кор мебарад ва дар охири ҳар боб ҳикоятҳои ҳикматомезе меорад, ки ба воқеаҳои сиёсӣ асос ёфтаанд. Бояд гуфт, ки баррасии ин ҷиҳати маснавӣ, ки ба маҳорати суханварии шоир алоқаманд аст, тадқиқи ҷудогонаро тақозо менамояд.
Андешаҳои гуманистии инсонпарвари бузург Амир Хусрави Деҳлавӣ ба гузашти асрҳо нигоҳ накарда, арзиши баланди худро нигоҳ дошта меоянд. Бинобар ин омўзиши андешаҳои инсондўстии Амир Хусрав ва ҳамаҷониба муайян кардани консепсияи бадеии инсон дар маснавии "Матлаъуланвор" ва умуман эҷодиёти шоир дар тарбияи насои наврас ва ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи адабиёт хеле судманд аст.
Соли 1975

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо