Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бозтоби замон ва рўзгори шоир

Осори пурҷилои яке аз ситорагони дурахшони осмони шеъри форсу тоҷик «подшоҳи мулки сухан» Ҷамолиддин Салмони Соваҷӣ ойинаи мусаффоест, ки муҳимтарин ҳаводису вақоеи замонро равшану барҷаста инъикос менамояд. Дар ашъори ў беш аз шоирони дигари муосираш вазъи замон ва рўзгор таҷассум ёфтааст. Илова бар қасидаҳои шоир, ки саросар аз зикри воқеъаҳои гуногуни таърихӣ иборатанд ва маснавиҳои ў, ки бештар ҷанбаи воқеӣ доранд, ҳатто дар ғазалиёту рубоиёташ ин ҳолат ба назар мерасад.
Бозтоби вақоъеи замон ва рўзгори худи шоир дар навиштаҳои ў бо роҳу василаҳои гуногун сурат гирифтааст. Агар дар қасоиду маснавиҳои Салмони Соваҷӣ воқеият тавассути тасвирҳои рангину пуршукўҳ ва муболиғаомез ба қалам омада бошад, дар ғазалиёти ў эҳсосу ҳаяҷон ва таассурот аз он воқеият бо каломи ширину гуворо баён шудааст. Вале дар қитъаоти шоир бозтоби масъалаи мазкур ба таври хос сурат гирифтааст. Ин қабл аз ҳама ба хусусиятҳои худи навъи шеърии қитъа марбут аст, ки мутаассифона, ҳанўз ҳарҷониба таҳқиқ нашудааст. Дар китобе, ки таҳти унвони «Ҳазор қитъа» ахиран ба кўшиши Сайид Аҳмади Биҳиштӣ чоп шудааст, ба чанд ҷиҳати навъи шеъри мазкур ишора шудааст, вале хусусиятҳои умдаву ҷанбаҳои сабки он равшан нагаштааст. Дар ин китоб 9 қитъаи Салмон низ бидуни тавзеҳот нақл шудааст. Роҷеъ ба қитъаоти шоир дар рисолаи Рашид Ёсимӣ «Татабўъ ва интиқоди аҳволу осори Салмони Соваҷӣ», муқаддимаҳои Авасто ва Абулқосими Ҳолат ба девони Салмон, таҳқиқоти Расул Ҳодизода ва У.
Казакова ишораҳо мавҷуданд. Вале аксари донишмандон арзиши баланди қитъаоти шоирро нодида гирифтаанд. Аз ҷумла Авасто қитъаоти Салмонро дар муқоиса бо муқаттаъоти Ибни Ямин чандон «қобили мулоҳиза» намедонад. Дарвоқеъ Ибни Ямин яке аз устодони маъруфи қитъаҳои ахлоқӣ ва фалсафӣ буда, маҳз бо қитъаҳои худ дар таърихи адабиёт мақоми хос дорад. Вале қитъаъоти Салмони Соваҷӣ низ дорои арзишҳои хос мебошад, ки дар ин мақола саъй мешавад чанде аз онҳо дар робита бо бозтоби воқеаҳои таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирад. Ба арзиши баланди қитъаъоти Салмон пеш аз ҳама худи шоир ишора кардааст:

Ба сони қитъаи ёқут қитъае манзум,
Ки буд бар гуҳари наҷми соқибаш тафзил.
Ба ҳазрати ту фиристодаму атои ҷавоб
Наёфтам, ки ба пеши ман он атост ҷазил.

пешина
аз 625
навбатӣ