Равзанаи адаб

Аз қитъаи зерини Салмони Соваҷӣ вазъи ноорому ногувори давр, ба зулму ситам мубтало гаштани мардумро метавон дарк кард:
Зи ҳад гузашт ба якборагӣ ҷафои фалак,
Намешавад нафасе мунқатеъ балои фалак.
Қабои атласи чарх аз чӣ бофтаанд, ки ҳеҷ
Намедарад, на куҳан мешавад қабои фалак?
Ба ҳар ғаме, ки аз ў мерасад ба рўи замин,
Намерасад ба замин аз нишот пои фалак.
Зибаски бар сари ман гашт осиёи сипеҳр,
Сапед шуд сарам аз гарди осиёи фалак…
Вале чунин қитъаҳое, ки тасвири вазъи умумии замонро дар бар мегиранд, дар девони Салмон хеле каманд. Аксари қитъаҳои шоир ба шахсону воқеаҳои мушаххас марбутанд. Аз ҷумла дар қитъае шоир воқеаи таърихии аз тарафи занаш кушта шудани Шайх Ҳасани кўчакро бо зикри санаи дақиқ ҳикоят кардааст:
Зи ҳиҷрати набавӣ рафта ҳафсаду чилу чор
Дар охири раҷаб афтод иттифоқи Ҳасан.
Зане, чӣ гуна зане? Хайри хаййироти ҳисон
Ба зўри бозуи худ хасиятайни Шайхи Ҳасан
Гирифт маҳкаму медошт то бимурду бирафт,
Зиҳӣ хуҷаста зани хоягири мардафкан.
Бесабаб нест, ки қитъаи мазкур ҳамчун далели таърихӣ мавриди истифодаи таърихнигорон қарор гирифтааст. Хондамир дар «Ҳабиб-уссияр» роҷеъ ба воқеаи мазкур навиштааст: «Иззатмалик… ду-се занро бо худ муттафиқ сохт ва дар шаби сешанбе бисту ҳафтуми раҷаби санаи мазкура (744) шавҳарро ба фишурдани хасиия ба олами охират фиристод ва Хоҷа Салмони Соваҷӣ дар он боб ин қитъа дар силки иншо интизом дод…»
Маълумоти дақиқро роҷеъ ба як ҳодисаи дигари он даврон – бар асари сел хароб шудани шаҳри Бағдод, бахусус боғе, ки ба унвони «Биҳиштобод» маъруф будааст, аз қитъаи зерини Салмон ба даст овардан мумкин аст:
Ба соли ҳафсаду ҳафтоду панҷ гашт хароб,
Ба об шаҳри муаззам, ки хок бар сари об.
Дареғи равзаи Бағдод – он «Биҳиштобод»,
Ки кардааст харобаш сипеҳри хонахароб.
Чунон ки мебинем, дар қитъаи мазкур санаи рух додани ҳодиса (соли 785) ва сабаби он (сел) зикр шудааст.
Аз қитъаоти Салмони Соваҷӣ бармеояд, ки ў бештар ба шоҳони силсилаи Ҷалоирӣ Шайх Ҳасани бузург, ҳамсараш – Дилшод хотун ва фарзандаш Султон Увайс робитаи хеле наздик доштааст ва иртиботи шахсии худро бо онҳо ошкоро ба қалам додааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо