Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҷумла дар қитъаи тўлоние, ки ба Шайх Ҳасани бузург бахшида шудааст, шоир хидмати беш аз даҳсолааш, навиштани панҷоҳ қасида дар ситоиши вай, вале дар муддати се соли охир нагирифтани марсум ва ба қарзи зиёд гирифтор шудани худро баён намуда, аз шоҳ барои адои қарз мадад мехоҳад:

Худойгон, салотини аҳд Шайх Ҳасан,
Ки бод кому муродаш ҳама равону раво…
Яке, ки муддати даҳ сол меравад, то ман
Дар ин ҷаноб забон баркушодаам ба дуо…
Қуруз шуд мутарокум аз ин сабаб бар ман,
Замона шуд мутатовил аз ин ҷиҳат бар мо…
Агар чунон ки маро кораке бифармоянд,
Ки ваҷҳи қарз кунам ман аз он қазия адо.

Аз ин қитъаи кўтоҳи Салмон равшан мегардад, ки Дилшод-хотун дар давлати Ҷалоирӣ мақому манзалати хеле баланд доштааст, зеро шоир ўро шоҳ хондааст:

Аё, корубори эътиборе надорӣ,
Бари шоҳ Дилшод коре надорӣ.

Салмони Соваҷӣ бо Султон Увайс аз замонаш таваллудаш ошноӣ дошта, то охири умр мураббиву надими вай будааст. Аз ин ҷост, ки аксари қасидаву қитъаҳои шоир дар ҳаққи ўянд. Дар қитъае Салмон аз хидмати чандсолааш дар боргоҳи ў ёд мекунад:

Подшоҳо, банда дар хидмат ба расми арзадошт,
Инбисоте менамояд бар умеди раҳматат.
Қурби чил сол аст то суккони Шарқу Ғарбро
Табъи Салмон мекунад дар гўш дурри мидҳатат.

Шоир ба кишваркушоиҳои Султон Увайс ва васеъ шудани қаламрави ў ишораҳо дорад:

Ҳумои чатри ҳумоюн подшоҳ Увайс
Басити рўи заминро ба зери соя гирифт.
Ҳудуди мамлакати Форс то дари Ҳурмуз
Ба соли хамсаву ситтину сабъамиа гирифт.

Салмон аз иртиботи наздик бо шоҳон истифода карда, онҳоро баъзан насиҳат ҳам кардааст. Тавре ки маълум аст, насиҳати подшоҳон кори ниҳоят хатарнок буда, аз шоир ҷасорати зиёдеро тақозо мекунад.
Бо ин ҳама Салмон дар қитъае аз амали зишти дарбориён, ки ҳар сол худсарона андозаи боҷу хироҷро мефизоянд, шикоят намуда, ба шоҳ ҳушдор медиҳад, ба тариқи насиҳат таъкид мекунад, ки ҷилави ситамкоронро бигирад, вагарна ин боиси хонахаробии мардум ва аз шоҳ дур шудани онҳо мегардад.

пешина
аз 625
навбатӣ