Равзанаи адаб

Ў ҳатто номи яке аз он ситамкоронро зикр мекунад:
Подшоҳо, ҳеч бо асҳоби девон гуфтаӣ,
Инак ҳар соле зи нав мулки туро ворун кунанд.
Соли порин чун зиёдат гашт бар перор сол,
Соли имсолинаро бар пор ҳам афзун кунанд.
Мамлакат зеру забар хоҳад шудан з-ин мустазод,
Мулку асбобу зану фарзандро ҳуван кунанд.
Сахт метарсам аз ин маънӣ, ки хосу оми мулк
Аз ту баргарданду рў бар ҳазрати бечун кунанд.
Аз авонини мамолик гардани Фахрак бизан,
То халоиқ хуррамӣ аз хуни он малъун кунанд.
Подшоҳо, аз паи сад маслиҳат як чун бикун,
Подшоҳон аз паи як маслиҳат сад чун кунанд.
Аз робитаи танготанги Салмон бо шоҳони давр ва ба хусус бо Султон Увайс мукотибаи онҳо низ шаҳодат медиҳад, ки он ҳам тавассути қитъа сурат гирифтааст. Шоир ба хидмати чиҳилсолааш ишора карда, аз шоҳ иҷозаи гўшанишинӣ ва чанд дархости дигар кардааст:
Қурби чил сол аст то суккони Шарқу Ғарбро
Табъи Салмон мекунад дар гўш дурри мидҳатат…
Гўшае хоҳам гирифтан то агар умре бувад,
Чанд рўзе бигзаронам дар дуои давлатат…
Султон Увайс, ки шахси донишманду шоиртабиат буд, ба қитъаи шоир ҷавоб гуфта, ба ў иҷозаи гўшанишинӣ намедиҳад, вале хоҳишҳои дигари ўро иҷро менамояд:
Ҳар чи то ғоят ба номи ў муқаррар будааст,
Ҳамчунон бошад ба номи ў муқаррар ҳамчунин.
Ҳамин тавр шоҳ ба чанд қитъаи шоир ҷавоб гуфтааст. Зимнан бояд гуфт, ки қитъа дар ин маврид вазифаи мукотабаву муросаларо адо кардааст. Чизи дигаре, ки ин ҷо мушоҳида мешавад, он аст, ки қитъаҳои ҷавобӣ бар хилофи он чи дар ғазалу қасида маъмул аст, бо қитъаҳои шоир ҳамвазну ҳамқофия нестанд.
Қитъаҳои Салмони Соваҷӣ манбаи муҳимму мўътамад роҷеъ ба аҳволи худи шоир низ маҳсуб мешаванд. Аз баъзе қитъаҳои шоир бармеояд, ки ў соҳиби зану фарзанди зиёд будааст:
Қиллати молу манолу касрати аҳлу аёл
Қарзхоҳу бенаво карданд ногоҳон маро.
Хонаводаи шоир хеле бузург буда, аз бист нафар иборат будааст:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо