Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар чунин шаҳреву вақте бо чунин бебаргие
Бист кас нонхор дорад бандаву нонхор нест.

Яке аз фарзандонаш дар хурдсолӣ вафот кардааст:

Чашми ман ҷои ту буд, эй нури чашм,
Рафтиву монд аз ту холӣ ҷои ту.

Маълум мешавад, ки Салмон дар миёнсолӣ вазъи беҳтар пайдо карда, соҳиби навкарон ҳам гаштааст:

Навкароне низ некў дорам, аммо ҳеҷ як
Бар сараш дастору дар тан ҷубба, дар по ҳеҷ нест.

Салмон дар пирӣ ба дарди чашму по гирифтор шуда, ранҷи зиёде кашидааст:

Дарди чашмам агар амон додӣ,
Омадӣ, пои хоҷа бўсидӣ.


Ҳаст дар по дарду дар сар нест сомоне маро,
Гар сарам кардӣ мадад, кай дарди по фарсудамӣ.

Салмон солҳои дароз дур аз хонавода дар Бағдод дар хидмати шоҳони ҷалоирӣ буд ва иҷозаву имкони рафтан ба зодгоҳашро надошт.
Ранҷи ғарибиро шоир дар қитъаи зер баён кардааст:

Маро чу ёд зи ёру диёри хеш ояд,
Ҳазор нолаи зор аз даруни реш ояд.
Нишаста дар паси зонуи ғурбатам шабу рўз,
Худой донад аз пас маро чӣ пеш ояд.

Аз қитъаҳои Салмон бармеояд, ки манбаи асосии маъишати шоир идрор ё марсуме будааст, ки шоҳ барои ў муқаррар кардааст. Шоир аксар вақт аз кам будани миқдори он шикоят намудааст. Аз ҷумла дар қитъае ў таъкид мекунад, ки марсумаш аз хидматгорони бесаводи дарбор камтар аст:

Маро зи ҷинси дигар навкарони сода шумор,
Аз он ки бознадонанд шеърро зи шаъир.

Маълум мешавад, ки марсуми шоҳ ба ў на ҳамеша дар вақташ мерасидааст ва ин боиси қарздор шудани шоир гаштааст. Илова бар марсум, ки бо зар пардохта мешуд, шоир гоҳ-гоҳ аз мамдўҳон инъом мегирифтааст, ки асосан аз либос, гандум, ҷав, асп, шутур ва амсоли инҳо иборат будааст. Шоир аз нарасидани онҳо низ шикоят кардааст:

пешина
аз 625
навбатӣ