Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шамъ шав, шамъ, ки худро сўзӣ,
То ба он базми касон афрўзӣ.

Чунин панду андарзҳои ҳакимонаи шоир на танҳо арзиши волои умумибашарӣ доранд , балки аҳамияти бузурги ҷовидонӣ дошта, дар ҳамаи давру замонҳо ба дардҳои маънавии инсоният шифо мебахшанд.

Алишер Навоӣ ва «Шоҳнома»-и Абулқосими
Фирдавсӣ

Дар ташаккул ва рушди Алишер Навоӣ ҳамчун адибу донишманд ва фарҳехтаи замон нақши фарҳанг ва ба хусус адабиёти форсизабон хеле бузург аст. Ў аз овони тифлӣ дар муҳити фарҳангии мардумони эронӣ парвариш ёфта, аз сарчашмаи ғании ин адабиёт баҳраи зиёд бардоштааст. Худи Навоӣ борҳо таъкид кардааст, ки аз осори Рўдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Унсуриву Саноӣ, Анвариву Хоқонӣ ва адибони дигари форсизабон сабақ гирифтааст.
Яке аз сарчашмаҳои муҳиме, ки ба Навоӣ ғизои маънавӣ ва илҳом бахшидааст, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад. Роҷеъ ба робитаи ин ду шоири бузург муҳаққиқон ишораҳо кардаанд. Аз ҷумла дар осори донишмандони узбак В. Зоҳидов, А. Ҳайитметов, Э. Шодиев дар ин бора иттилоот дода шудааст. Аз ҷумла академик Воҳид Зоҳидов ба суннатҳои адабие, ки Алишер Навоӣ аз онҳо сабақ гирифтааст, ишора намуда, ба осори шоирони тоҷику форс, ба хусус «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рўй овардани ўро таъкид мекунад: «Ин мероси бузург ва гаронбаҳои назм ба ташаккулу рушди истеъдоди хоси шоирии Алишер Навоӣ мусоидат намуд». А. Ҳайитметов таъкид менамояд, ки «Навоӣ як умр «Шоҳнома»- ро хондааст, омўхтааст, аз он асрори маҳоратро гирифтааст». Э.
Шодиев ба ин масъала бештар маваққуф намуда, сабақҳои аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бардоштаи Навоиро бо чанд далел бозгў намудааст. Бо ин ҳама мавзўъи мазкур ҳанўз ба таври амиқу ҳарҷониба мавриди таҳқиқ қарор нагирифта аст ва ниёз ба баррасии бештару густурдатар дорад.
Дар воқеъ шиносоии Амир Алишер Навоӣ бо адабиёти форсу тоҷик аз овони тифлии ў шурўъ шудааст. Тавре ки худи шоир дар поёни умр навиштааст, «аввалин шеъре, ки аз ёд кардааст», як байти шоири форсу тоҷик Мир Қосими Анвор будааст. Ў таъкид мекунад, ки «дар он замон ман се ё чаҳорсола будам.

пешина
аз 625
навбатӣ