Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вақте ки ашхоси муътабар аз ман хоҳиш мекарданд, ки онро бихонам, аксаран аз қироати ман тааҷҷуб мекарданд».
Сипас Алишери наврас бо «Мантиқуттайр»-и шоири дигари тоҷику форс Фаридаддини Аттор ошно шуда, ба он чунон дил мебандад, ки гўшанишинӣ ихтиёр карда ҳамеша ба зикри абёти маснавӣ машғул мешавад, ки ин ҳатто боиси нигаронии волидайнаш мегардад. Бад-ин минвол Алишер дар муҳити адабиву фарҳангии форсу тоҷик ба камол расида, таҳсили мадрасаро дар Машҳад шурўъ мекунад ва дар Самарқанд идома медиҳад.
Алишер Навоӣ борҳо дар осори худ ба пайрави шоирони форсу тоҷик, ба хусус Абулқосими Фирдасӣ буданашро ҳатто дар осори туркиаш таъкид карда аз он илҳом бардоштанашро таъйид намудааст. А. Ҳайитметов пас аз таҳқиқи «Хамса»-и Навоӣ ба чунин натиҷа мерасад: «Ман, хусусан, достони «Садди Искандарӣ»-ро ба дараҷаи маълум ҷавоб ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ медонам».
Навоӣ борҳо дар осори маъруфи худ амсоли девонҳои «Хазонулмаъонӣ», «Таърихи мулуки Аҷам», «Маҷолисуннафоис», «Муҳокиматуллуғатайн», «Маҳбубалқулуб», достонҳои «Хамса»
ва ғайра ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ишораҳо намудааст, ки аз бархўрдориаш аз ин шоҳасар гувоҳӣ медиҳад. Масалан, агар дар «Муҳокиматуллуғатайн» Фирдавсиро «устоди фанни маснавӣ»
номад, дар «Маҷолисуннафоис» вайро «маликулкалом» мехонад.
Дар поёни «Хамса» -аш ў дар радифи Саъдиву Саноӣ, Хоқониву Анварӣ ва Унсурӣ аз Фирдавсӣ низ сабақ гирифтанашро таъйид намудаст.
Дар таълифи асари маъруфи худ «Таърихи мулуки Аҷам низ Навоӣ аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ хеле босамар истифода кардааст.Тавре ки Э.Шодиев ҳам дуруст таъкид кардааст, дар асари мазкур Навоӣ нисбат ба осори дигари таърихӣ ба «Шоҳнома» бештар такя насуда, таърихи салтанати шоҳони эрониро ба ҳамон тартибе, ки Фирдавсӣ зикр кардааст, баён намудааст. Алишер Навоӣ дар осори худ аз симоҳои барҷастае, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» офаридааст ба таври фаровон истифода кардааст. Ин симоҳо барои равшантару муассиртар баён шудани матлаби шоир мусоидат кардаанд. Масалан, дар қасидае шоир мамдуҳаш шоҳро зимни ситоиши караму саховат ба Ҷамшеду Фаридун монанд мекунад. Дар маснавии «Сабъаи сайёр» ҷиҳати таъкиди гузашти айём ва бебозгашт будани вақт аз чеҳраҳои асотириву таърихии «Шоҳнома» ёд мекунад:

Элгаким берди чарх уза авранг, Не Каюмарс қолди, не Ҳушанг.

пешина
аз 625
навбатӣ