Равзанаи адаб

Канӣ Таҳмурасу канӣ Ҷамшед?
Бордилар барча жаҳондин навмед.
Канӣ Заххоку канӣ Афредун?
Ки борин қилди сарнагун гардун ?
Канӣ аждарни улдурур Гуштасп ?
Канӣ ганж элга базл этар Куршасп?
Канӣ Кайқубоду Канӣ Кайковус?
Канӣ Кайхусраву Таҳамтану Тўс?...
Ба ин минвол дар маснавиҳои Навоӣ аз Каюмарсу Ҳушанг, Искандар, Рустам, Сом, Яздигурд, Баҳром, Хусрави Парвиз, Ширин, Шерўя, Фарҳод ва асмоли онҳо ёд мешавад. Вале таваҷҷўҳи Навоиро беш аз ҳама симои Рустам ҷалб намудааст.
Бесабаб нест, ки дар як ғазали туркии ў се маротиба аз Рустам ёд шудааст.
Навоӣ на танҳо аз симоҳои барҷастаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, балки аз андешаҳои баланди башардўстиву меҳанпарастии ў низ бархўрдор гашта, илҳои гирифтааст. Дар «Таърихи мулуки Аҷам» дар бораи Баҳром сухан ронда, Озарбойҷону Гурҷистон ва Дашти Қипчоқу Хоразмро аз ҷабру зулм озод кардани ўро тасвир менамояд ва ҳокими замонаш Ҳусайн Баҳодурхонро ба ў монанд мекунад ва ўро чун «халоскунандаи мардум аз бадиҳо» ситоиш менамояд.
Таъсири «Шоҳноса»-и Фирдавсиро бар осори Навоӣ дар забону тарзи баёни ў ҳам метавон мушоҳида кард. Ҳатто дар ашъори туркии шоир ифодаву тасвирҳои фирдавсиёна ба назар мерасад:
Алар пешвоси Каюмарси род,
Ким ул қуйди тахт узра ойини дод.
Яна бир жаҳонгир Ҳушанг эди,
Ки зебандаи тожу авранг эди…
Навоӣ на танҳо аз иттилооту додаҳои таърихиву асотирӣ, асомии шоҳону паҳлавонон ва асноди дигари «Шоҳнома»
истифода кардааст, балки ҳамчунин аз андешаҳои баланди башардўстиву ахлоқии ў бархўрдор шудааст. Навоӣ низ мисли Фирдавсӣ аз ҳаводиси таърихиву асотирӣ сабақ бардоштанро таъкид намуда, ҳокимони даврро ба сулҳу осоиш ва накукориву инсондўстӣ даъват намудааст.
Дар таълифи «Хамса»-и худ ба хусус маснавиҳои «Сабъаи сайёра», «Фарҳод ва Ширин», «Садди Искандарӣ» Навоӣ дар радифи Низомиву Амир Хусрав ба Фирдавсӣ низ пайравӣ карда, аз «Шоҳнома»-и ў илҳом бардоштааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо