Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Навоӣ дар баъзе маворид ҳатто дар ашъори туркии худ мисраъҳои «Шоҳнома»-ро айнан бидуни тарҷума овардааст, ки хеле ҷолиб буда, шаҳодат аз он медиҳад, ки ў бо нусхаи хеле қадимаи шоҳасари Фирдавсӣ ошно будааст. Ў дар яке аз шеърҳои худ мисраеро аз «Шоҳнома» тазмин кардааст, ки на танҳо аз эҳтирому шинохти ин шоҳасар гувоҳӣ медиҳад, балки барои тасҳеҳи матни «Шоҳнома» ва ҳалли баъзе мушкилоти он низ мадад мерасонад:

Бу майдонда Фирдавсий ул гурд эрур,
Ки гар келса Рустам, жавобни берур…
Деди уз тили бирла ул кони ганж,
«Ки сӣ сол бурдам ба «Шоҳнома» ранҷ».
Мисраъи охири пораи фавқ тазмин аз байти машҳури
Фирдавсӣ аст, ки бозгўи ранҷу заҳматҳои шоир дар офаридани
«Шоҳнома» аст ва ба ин шакл маъруф аст:

Басе ранҷ дбурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Дар мисраъи аввал ибораи «сол сӣ» хилофи қоидаи иборасозии форсӣ буда, шакли дурусташ «сӣ сол» аст. Вале хонанда ва ҳатто муҳаққиқон чунин мепиндоштанд, ки шоир шояд барои вазну қофия ин ибораро амдан дар шакли нодуруст истифода кардааст. Дар воқеъ Фирдавсӣ, ки дар баён устоди беназир буд, метавонист он ибораро ба тарзи дигар ва дуруст ба кор барад. Аз ин рў ба назари мо тарзи сабткардаи Навоӣ, яъне «сӣ сол» дуруст буда, аз нусхаҳои қадимии «Шоҳнома», ки мавриди истифодаи шоир қарор гирифтааст, маншаъ меёбад.
Ба ин тартиб истифода аз маводи «Шоҳнома»-ро дар кулли осори бадеиву илмиии туркиву форсии Навоӣ метавон мушоҳида кард. Ў ҳатто талоши Фирдавсиро дар пойдориву истиқлол пайдо кардани забони форсӣ мавриди ситоиш ва пайравӣ қарор додааст.
Ин ҳама гувоҳи он аст, ки Алишер Навоӣ дар осори худ андешаҳои баланди ахлоқиву башардўстии Фирдавсӣ ва суннатҳои волои «Шоҳнома»-и ўро идома дода, дар рушди адабиёти Шарқ ба хусус адабиёти туркизабон саҳми бузург гузоштааст.

Пайнавишт 1.

пешина
аз 625
навбатӣ