Равзанаи адаб

В.Ю.Захидов. Огни истории. Классики и современники, Миосква, 1977. Воҳид Зоҳидов. Оташҳои таърих, Маскав, 1977, саҳ. 14.(ба забони русӣ).
Рисолаи судманде дар илми бадеъ
Илми адабиётшиносии тоҷику форс, ки бо адабиёти оламшумули он зич алоқаманд аст, дорои таърихи басе бой ва бостонӣ буда, дар тўли зиёда аз даҳ қарн барои инкишофи он адабиёт хидмати шоиста ба ҷой овардааст.
Пўшида нест, ки осори адибони классики тоҷику форс на танҳо бо маънову мундариҷаи баланду рангин, балки инчунин бо нафосату латофат, балоғату малоҳат, шевоию дилрабоияш шўҳрат дорад. Аз ин рў дар асрҳои миёна илми бадеъ, ки аз ҷузвҳои таркибии адабиётшиносӣ ба ҳисоб рафта, воситаҳои гуногуни тасвири бадеӣ, тарзҳои ороишу зиннати калом, роҳҳои зебову муассир ва барҷаставу дилпазир ифода намудани мазмунро дар асар мавриди баҳс қарор медиҳад, дар қатори илмҳои дигари сегона – қофия ва арўз хеле тавсиъа ва нумўъ ёфта буд.
Аз ҷумлаи муҳимтарин асарҳои адабиётшиносӣ, ки пурра ва ё қисман ба илми бадеъ бахшида шудаанд ва хушбахтона имрўз дар дастраси муҳаққиқонанд, метавон "Тарҷумон-ул-балоғат"-и Муҳаммад бинни Умари Родуёнӣ (асри 11), "Ҳадоиқ-ус-сеҳр"-и Рашидиддини Ватвот (асри 12), "Ал-мўъҷам фӣ маъойир-ил-ашъор-ил-Аҷам"-и Шамсиддин Муҳаммад бинни Қайси Розӣ (асри 13), "Ҳақоиқ-ул-ҳадоиқ"- и Шарафиддин Ҳусейн бинни Муҳаммад Ромии Табрезӣ (асри 14), "Дақоиқ-уш-шеър"-и Тоҷулҳаловӣ" (асрҳои 14-15), "Меъёри Ҷамолӣ ва мифтоҳи Абўисҳоқӣ"-и Шамсиддин Муҳаммад бинни Фахрии Исфаҳонӣ (асрҳои 14-15), "Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ –ул-ашъор"-и Ҳусейн Воизи Кошифӣ (асри 15), "Ҷамъи мухтасар"-и Ваҳиди Табрезӣ (асри 15), Бадоеъ-ус-саноеъ"-и Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ (асри 15), "Маҷмаъ-уссаноеъ"-и Низомиддин Аҳмад бинни Муҳаммад Солеҳи Сиддиқӣ (асри 17), "Дурраи Наҷафӣ"-и Наҷафқулихони Мирзо (асрҳои 19-20) ва амсоли инҳоро ном бурд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо