Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки аксари асарҳои мазкур ҳанўз ба чоп нарасидаанд ва мавриди таҳлилу тадқиқи хосаи адабиётшиносон қарор нагирифтаанд.
Ҳол он ки омўхтан ва дастраси умум гардондани чунин асарҳо , ҳамон навъе, ки маълум аст, аз як тараф барои омўзиши афкори эстетикии халҳқои тоҷику форс, аз тарафи дигар барои равшан намудани бисёр марҳалаҳои таърихи адабиёт ва илми адабиётшиносӣ ва инчунин барои инкишофу такомули хусусиятҳои ғоявию бадеии адабиёти муосири тоҷику форс манфиатбахш мебошад.
Яке аз он асарҳои муҳимме, ки то ҳол на танҳо бо тасҳеҳу таълиқа ба чоп нарасидааст, балки комилан таҳлилу тадқиқ нашудааст, рисолаи "Маҷмаъ-ус-саноеъ" мебошад, ки ба адабиётшиноси форсизабони асри 17 Ҳиндустон Низомиддин Аҳмад бинни Муҳамад Солеҳ Ҳусайнии Сиддиқӣ тааллуқ дорад.
Доир ба рисолаи мазкур дар баъзе асарҳои адабиётшиносони тоҷик ва Эрон танҳо ишораҳои ҷудогонаро пайдо кардан мумкин аст.
Дар адабиётшиносии шўравии тоҷик ном ва рисолаи муаллиф нахустин бор дар мақолаи Р. Ҳодизода "Дар бораи санъати назми
31 Рўдакӣ", ки дар он зимнан мисолҳои аз ашъори Рўдакӣ овардаи Низомиддин Аҳмад низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, гўшзад мешавад. Дар мақолаи мазкур инчунин оид ба бартарияти он рисола аз лиҳози тақсимоти санъатҳои бадеӣ ба ду гурўҳ ва ғалатҳои зиёди котиб дар як нусхаи рисола ишораҳои муфид ба назар мерасад.
Муаллифи "Санъати сухан" Т. Зеҳнӣ, ки дар тартибу танзими асараш дар қатори асарҳои дигар рисолаи "Маҷмаъ-ус-саноеъ"-ро ҳам истифода кардааст, дар дебочаи китоб ба соли таълифи рисола, миқдори санъатҳои бадеии дар он зикршуда ва аҳамияти он ишора намуда, аз ҷумла менависад: "Дар аксарияти мавридҳо муаллиф (Низомиддин Аҳмад – М.М.) аз "Ҳадоиқ-ус-сеҳр" ва "Ал мўъҷам" нусхабардорӣ
32 кардааст".

пешина
аз 625
навбатӣ