Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дуруст аст, ки Низомиддин Аҳмад дар таълифи рисолааш асосан ба "Ҳадоиқ-ус-сеҳр"-и Рашиди Ватвот ва дар баъзе мавридҳо ба "Эъҷози хусравӣ"-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки аз маъруфтарин асарҳои илми бадеъ буданд, истинод ва пайравӣ намудааст. Инро ишораҳои зиёди худи муаллиф ба Рашиди Ватвот ва рисолаи ў, муқоисаи тарзи шарҳу тавзеҳи санъатҳои бадеӣ дар ду рисола, ки сонитар дар ин хусус батафсил таваққуф хоҳем кард, тасдиқ менамоянд.
Вале ба ақидаи болоии Т. Зеҳнӣ дар бобати аз асарҳои Рашиди Ватвот ва Шамс Қайси Розӣ "нусхабардорӣ кардани" Низомиддин Аҳмад розӣ шудан мумкин нест. Зеро аввалан, Низомиддин Аҳмад дар шарҳи санъатҳои бадеӣ ва зикри мисолҳо мустақилона амал карда, гуфтаҳо ва мисолҳои аз дигарон гирифтаашро гўшрас намудааст. Миқдори чунин ишораҳои муаллиф зиёд аст, ки ҳоло бо овардани ин ду мисол иктифо менамоем:
"Ва Рашиди Ватвот ҷиҳати мисоли абдоъ ин ду байти Унсурӣ навишта..."
"Ва Рашиди Ватвот гуфта, ки ман ҳеҷ шеъре надидам, ки он ҳар се
33 ҳолро (ҷамъу тафриқу тақсим-М.М.) ҷомеъ бувад..."
Ҳатто дар баъзе мавридҳо ў ақидаи Рашиди Ватвотро оид ба санъатҳои ҷудогона (монанди луғз) рад менамояд.
Сониян Низомиддин Аҳмад дар ягон ҷои рисолааш ба Шамс Қайси Розӣ ва асари ў ишорае накардааст. Умумияте, ки "Ал-мўъҷам" ва "Маҷмаъ-ус-саноеъ" доранд, танҳо иборат аз он аст, ки дар ҳар ду рисола қисмати сирқоти шеърӣ вуҷуд дорад. Вале миёни рисолаҳои мазкур дар ҳайси тақсимот ва шарҳи сирқоти шеърӣ тафовути калоне мушоҳида мешавад.
Ба назари мо Низомиддин Аҳмад, ки дар сарзамини Ҳиндустон зистааст, аз "Ал-мўъҷам"-и Шамс Қайси Розӣ хабар надоштааст, ё воқиф бошад ҳам онро истифода набурдааст.
Инчунин набояд фаромўш кард, ки дар гузашта таърифи санъатҳои бадеӣ низ монанди масоили мухталифи арўзу қофия ва дигар илмҳо то андозае қолаби муайян ва қатъиро (чавкоти муайян) касб карда буд, ки ин бешубҳа боиси як дараҷа ҳамрангу якнавохт шудани таърифу нишондодҳои рисолаҳои гуногуни оид ба ин ё он илм мегардид. Чунин ҳолатро ҳатто дар адабиёти бадеӣ метавон возеҳан мушоҳида кард.
Масалан ба хотир овардани ҳамрангии сюжет ва образҳо дар достонҳои лирикӣ ва эпикӣ монанди "Лайлӣ ва Маҷнун"-ҳо, "Фарҳод ва Ширин"- ҳо, "Зафарнома"-ҳо кифоя аст.
Ҳамин тавр ба назари мо Низомиддин Аҳмад чи дар шарҳу тавзеҳи санъатҳои бадеӣ ва чи дар тавсифи навъҳои шеър ва сирқоти шеърӣ на ин ки аз асарҳои Рашиди Ватвот ва дигарон "нусхабардорӣ кардааст", балки ба он асарҳо эҷодкорона муносибат карда, дар баъзе мавридҳо таърифу нишондодҳои онҳоро вобаста ба ба замони худ такмилу тавсеъа

33 Низомиддин Аҳмади Сиддиқӣ. Маҷмаъ-ус-саноеъ, нусхаи хаттии захираи дастхатҳои Шарқии АФ Тоҷикистон, рақами 358, варақҳои 102б, 108а.

пешина
аз 625
навбатӣ