Равзанаи адаб

додааст, ки онҳоро дар саҳифаҳои баъдина муфассалтар аз назар хоҳем гузаронд.
Доир ба ҳаёт ва фаъолияти Низомиддин Аҳмади Сиддиқӣ, мутаассифона, аз сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ маълумоте ба назар намерасад. Дар ин бобат танҳо дар иловае ба "Каромот-ул-авлиё" ном асари муаллиф баъзе ишоратҳоро пайдо кардан мумкин аст.
Чунон ки Низомиддин Аҳмад қайд мекунад, нисбати ў аз ҷониби модараш ба содоти Ҳусайнӣ мепайвастааст. Бобои модарии ў Мир Абдулқосимхони Тамкини Ҳусайнӣ ном дошта, дар замони салтанати Ҷалолиддини Муҳаммад Акбар (1556-1605) аз шаҳри Ҳирот ба Ҳиндустон омадааст ва ба хизмати дарбори подшоҳи мазкур дохил шудааст.
Аз ҷониби падар насаби Низомиддин Аҳмад ба қабилаи Сиддиқиён мерасад. Ин қабила аслан аз Санъони Араб буда, замоне бо Шибурғон омадааст ва он ҷо сокин гаштааст. Гурўҳе аз ин қабила ба зиёрати Макка меравад, ки фарҷадди (бобокалони) Низомиддин Аҳмад – Шайх Низомиддин низ ҳамроҳи онҳо буд. Пас аз зиёрат онҳо ба сўи Ҳиндустон роҳ мегиранд ва дар қасабаи Баҳлури тобеи Лакҳнав сокин мегарданд.
Шайх Низомиддин дар андак муддат ба дарбори Ҷалолиддин Муҳаммад Акбар роҳ ёфта, соҳиби давлату ҷоҳ мешавад. Вале писари Шайх Низомиддин бо роҳи падар нарафта, навкариро тарк мекунад ва умри худро ба омўхтани илмҳои динӣ сарф менамояд. Пас аз вафоти ў писараш Шайх Муҳаммад Солеҳ (падари Низомиддин Аҳмад) аз нав ба хидмати дарбор даромада, мулозамати Шоҳиҷаҳонро ба ўҳда мегирад ва дар дарбори ў ба мансаби олие сарфароз мешавад. Аз рўи нишондоди Низомиддин Аҳмад падари ў зиёда аз 30 сол хидмати дарборро кардааст.
Ў дар дарбор вазифаҳои гуногунеро аз қабили сардории ин ё он мулк, бахшигарӣ, воқеанависӣ, фавҷдорӣ иҷро мекардааст. Чанд муддат дар Шибурғон, Форёб, Сари Пул, Маймана ва навоҳии атрофи онҳо аминӣ карда, се сол дар Лакҳнав низ мансабдори калоне будааст.
Ҳамон навъе ки Низомиддин Аҳмад қайд мекунад, падараш Муҳаммад Солеҳ илова ба омўхтани илмҳои динӣ ба шоирӣ низ шуғл варзидааст. Ба ин аз як тараф намунаҳои зиёде, ки аз ашъори ў барои санъатҳои бадеӣ дар "Маҷмаъ-ус-саноеъ" оварда шудааст ва аз тарафи дигар ишораи зерини Низомиддин Аҳмад дар "Каромот-ул-авлиё"
шаҳодат медиҳад: "Он ҳазратро (Муҳамад Солеҳ – М.М.) ашъори писандида ба забони ҳол бисёр аст. Аз он ҷумла маснавии "Ороми ҷон",
34 ки зиёда бар ду ҳазору понсад байт аст".
Вале аз эҷодҳои ў ҳоло ба мо танҳо абёти пароканда ва порчаҳо аз маснавии "Ороми ҷон" боқӣ монда, шеърҳои мукаммал дастрас нестанд.
Дар бобати соли таваллуд, ҷараёни зиндагӣ ва аҳволи Низомиддин Аҳмад маълумоте аз сарчашмаҳо ба назар намерасад. Муаллифони феҳристҳо низ дар ин хусус хомўш мондаанд. Танҳо дар феҳристҳои Рё (ҷ. 3) ва Муқтадир (ҷ. 9) дар аҳди Шоҳиҷаҳон зиндагӣ ва эҷод намудани ў зикр ёфтааст. Зодгоҳи ў деҳаи Баҳлури тобеи Лакҳнави Ҳиндустон
34 Низомиддин Аҳмад, Каромот-ул-авлиё, вар. 472б.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо