Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

будааст. Аввалан инро ишораи худи Низомиддин Аҳмад, ки бобоёнаш ба ин деҳа кўчида омадаанд, тасдиқ мекунад. Сониян чӣ навъе ки дар феҳристи Муқтадир зикр гаштааст, дар яке аз нусхаҳои хаттии "Маҷмаъус-саноеъ", ки дар китобхонаи Банкипур маҳфуз аст, ному нисбаи муаллиф Низомиддин Аҳмад бинни Муҳаммад Солеҳ Баҳлурии Сиддиқии Ҳасанӣ сабт ёфтааст.
Санаи таваллуди Низомиддин Аҳмадро миёни солҳои 1020-1030ҳ.
тахмин кардан мумкин аст. Зеро соли 1068 ҳангоми фавти падараш ў бояд шахси баркамоле бошад, ки ба ўҳдааш иҷрои чанд вазифаи масъулиятдорро гузоштаанд. Илова бар ин ў маҳз дар ҳамин давра (то соли 1068) ду асари маъруфашро эҷод намудааст. Далели зайл низ дар ҳамон солҳо ба дунё омадани ўро тақвият медиҳад. Дар оғози рисолаи "Маҷмаъ-ус-саноеъ", ки соли таълифаш 1060 аст, муаллиф овони ҷавониашро ёдовар шуда, "дар ҷавонӣ ва оғози шубоб рағбате дар шеърхонӣ" доштанашро қайд месозад.
Низомиддин Аҳмад низ тарбия ва таълими падарашро гирифта бо роҳи ў рафтааст. Аз як тараф ба корҳои идорӣ шуғл варзида бошад, аз тарафи дигар мисли падараш илмҳои диниро хуб аз худ намудааст, ки таълифи "Каромот-ул-авлиё" барин асари бузург гувоҳи он шуда метавонад.
Аз таълифоти Низомиддин Аҳмад танҳо ду асар ("Маҷмаъ-уссаноеъ" ва "Каромот-ул-авлиё") маълум ва дар дастраси мост. Доир ба вуҷуд доштан ё надоштани асарҳои дигари ў дар ягон ҷой ишорае ба назар намерасад. Вале аз чанд порчаи шеър, ки дар "Маҷмаъ-ус-саноеъ"
зикр ёфтааст, пай бурдан душвор нест, ки ў қобилияти шоирӣ ҳам дошта, шояд ба миқдори муайян шеърҳо низ суруда бошад. Эҳтимоли қавӣ меравад, ки иддае порчаҳои шеърии дар "Маҷмаъ-ус-саноеъ" бидуни муаллиф сабт ёфта, ба қалами Низомиддин Аҳмад тааллуқ доранд.
Асаре, ки ба туфайли он номи Низомиддин Аҳмади Сиддиқӣ дар илми адабиётшиносии форсизабонон маъруф гаштааст, "Маҷмаъ-уссаноеъ" мебошад. Рисолаи мазкур аз ҷумлаи асарҳои пурбаҳоест, ки доир ба илми бадеъ таълиф ёфта, дар замони муаллифи он ва минбаъд ҳамчун дастури муҳимме дар лиҳози истеъмоли саноеи бадеӣ хидмати шоистае ба ҷой овардааст.
Нусхаҳои зиёди ин асар, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон нигоҳ дошта мешавад, аз васеъ интишор ёфтани он гувоҳӣ медиҳанд.
"Маҷмаъ-ус-саноеъ" аз муқаддимаи мухтасар, чаҳор фасл, хотима таркиб ёфта, шарҳу тавзеҳи 73 санъати бадеӣ ва 10 навъи шеърро дар бар мегирад.
Аз фасли аввали рисола, ки "Дар тақсими калом" ном дорад, Низомиддин Аҳмад пеш аз ҳама каломро ба ду қисм (каломи манзум ва каломи мансур) ҷудо мекунад. Каломи мансур ё худ насрро муаллиф иборат аз се қисм медонад:

  1. Мураҷҷаз –насре, ки вазни шеър дорад, аммо қофия надорад.
  2. Мусаҷҷаъ – насре, ки қофия дорад, вале вазн надорад.
пешина
аз 625
навбатӣ