Равзанаи адаб

- Орӣ – каломи мансуре, ки на қофия дораду на вазн.
Муаллиф доир ба навъҳои каломи мансур бо овардани таърифи мухтасари онҳо қаноат намуда, дар бобати каломи манзум ва ақсоми он ба таври муфассал таваққуф менамояд.
Каломи манзум дар асар ба 10 навъи зайл тақсим карда шудааст:
ғазал, қасида, ташбиб, қитъа, рубоӣ, фард, маснавӣ, тарҷеъ, мусаммат, мустазод. Доир ба ҳар як навъи шеър ба таври алоҳида таваққуф намуда, муаллиф барои онҳо мисол ва намунаҳо меорад. Аз чӣ сабаб бошад, ки ў шарҳи тарҷеҳ, мусаммат ва мустазодро на дар фасли аввал, балки дар фасли дуввуми асар, ки оид ба санъатҳои лафзист, меорад. Ҳарчанд ба ин худи муаллиф ишора менамояд, вале сабаб ва мақсади ў маълум намегардад. Ҳаминро низ бояд хотирнишон сохт, ки ташбиб яке аз ҷузъҳои таркибии қасида аст ва ба тарзи алоҳида суруда намешавад, вале Низомиддин Аҳмад ташбибро дар баробари қасидаву ғазал ва ҳоказо ба силки навъҳои мустақили шеър дохил мекунад.
Азбаски навъҳо ва жанрҳои шеърии адабиёти тоинқилобии тоҷик ҳанўз ба таври амиқ ва ҳамаҷиҳата мавриди таҳлилу тадқиқи хосае қарор нагирифтааст, ин ҷо аз назар гузаронидани мулоҳизаҳои Низомиддин Аҳмад доир ба баъзе навъҳои шеър аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
Низомиддин Аҳмад зикри ақсоми шеърро аз ғазал оғоз мекунад, ки бесабаб нест. Ба назари мо яке аз сабабҳои ба ғазал бештар таваҷўҳ зоҳир намудан ва онро пеш аз ҳама шарҳ додани муаллиф ба мақоми дараҷаи аввал доштани ғазал дар давраи муаллиф вобаста аст.
Муаллиф ба таври мўҷаз дар бобати маънои луғавӣ ва истилоҳии ғазал, адади абёт ва баъзе ҷиҳатҳои мундариҷавии он маълумот медиҳад:
"Ғазал дар луғат дўст доштан аст ҳадис ба занон ва дар истилоҳ абёти чандест муттаҳид дар вазн ва қофия, ки байти аввали он абёт мусарраъ аст ва мусарраъ байтеро гўянд, ки ҳар ду мисраъи ў қофиядор бошад ва алон инро матлаъ номанд ва машрут он аст, ки мутаҷовуз аз дувоздаҳ байт набошад. Агарчи баъзе аз шуарои салаф зиёда аз дувоздаҳ байт ҳам гуфтаанд. Аммо алҳол он тариқ ғайримаслук аст ва аксар абёти ғазалро ёздаҳ байт муқаррар кардаанд ва ҳар шеъре, ки зиёда бар он бошад, онро қасида мегўянд. Дар ғазал ғолибан зикри ҷамоли маҳбуб ва сифати ҳоли муҳиб ва васфи аҳволи ишқу муҳаббат аст".
Барои мисоли ғазалҳои ишқӣ Низомиддин Аҳмад се ғазали пурраи Амир Хусрави Деҳлавиро ва 1 ғазали Ҳофизи Шерозиро оварда, сипас дар хусуси мавзўъҳои дигарро низ аз қабили мавзўъҳои ирфонӣ, хамрӣ дар бар гирифтани ғазал изҳори ақида мекунад ва боз як ғазали Амир Хусрави Деҳлавиро мисол меорад.
Дар охири маълумоти худ муаллиф дар хусуси овардани тахаллус дар мақтаъи ғазал сухан ронда, инро ҷиҳати хуби он медонад:
"Мустаҳсан он аст, ки исми шоир дар мақтаи ғазал биёяд, агарчи муқаддимин инро кам риоят намудаанд. Аммо баъд аз Муслиҳиддин Шайх Саъдии Шерозӣ раҳматуллоҳи илайҳа маъруфи дигар аст".
Аз иқтибосҳои боло пай бурдан душвор нест, ки Низомиддин Аҳмад танҳо бо такрори таърифи нисбат ба ғазал додаи донишмандони пешина қаноат накарда, ба вазъи ғазал ва ғазалсароии замонаш низ диққат додааст ва баъзе хусусиятҳои онро баён намудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо