Равзанаи адаб

Аз ҷумла ишораҳои муаллиф доир ба миқдори абёти ғазали он давра ва зикри тахаллуси шоир дар мақтаъи он ҳарчанд ҷузъианд, вале барои санҷидани таҳаввулу такомули навъи ғазал дар давраҳои мухталифи адабиёти тоҷику форс дорои манфиате мебошанд. Дар ҳақиқат тахаллуси шоирон дар мақтаи ғазал то давраи Саъдии Шерозӣ хеле кам оварда мешуд ва дар асрҳои минбаъда бошад, ин ба ҳукми одат ва анъана медарояд.
Аз рўи тақсимоти Низомиддин Аҳмад қасида навъи дуюми шеър буда, "дар истилоҳ монанди ғазал аст. Магар он ки дар ин шарт он аст, ки зиёда бар дувоздаҳ байт бошад ва ин гоҳ дар мадҳ ва зам мебошад ва гоҳ дар насоеҳ ва умури дигар".
Муаллиф бо овардани ҳамин таърифи хеле мухтасар ва номукаммал қонеъ шуда, унсурҳои дигари қасидаро зикр менамояд. Ў доир ба истифодаи матлаъ дар қасида сухан ронда, ақидаи онҳоеро, ки овардани танҳо як матлаъро зарур медонанд, рад мекунад ва дар қасида роиҷ будани чанд матлаъро таъкид намуда, барои тақвияти фикр аз қасидаи Котибӣ мисол меорад: "Раво бувад, ки дар қасида ду байт ё се байт мусарраъ биёяд, ки мурод аз матлаъ аст ва баъзе бар онанд, ки матлаъ ҳамин байти аввал асту бас. Аммо мустаҳсан он аст, ки чун шоир хоҳад, ки дар қасида матлаъи дигар андозад, ишорате бад-он намояд".
Муаллиф ба ҷиҳатҳои фарқкунандаи қасидаҳои шоирони Аҷам ва Араб ишора намуда, тафовути асосиро танҳо дар миқдори абёти онҳо медонад: "Назди Араб қасида ҳадди муайян надорад, чунончи ки аз понсад байт зиёда мегўянд ва фусаҳои Аҷам ниҳояти мустаҳсани қасидаро саду бист байт муқаррар намудаанд.
Ҳамон навъе ки дар боло қайд шуд, Низомиддин Аҳмад ташбибро як навъи мустақили шеър меҳисобад. Вале аз мулоҳизаҳои доир ба ташбиб ва хусусиятҳои он баёнкардаи ў бар хилофи ақидаи аввалаш равшан мегардад, ки ташбиб на ин ки навъи ҷудогонаи шеър, балки як қисми таркибии қасида будааст: "Ат-ташбиб дар луғат зикри айёми шубоб ва сифати маъшуқ ва шарҳи ҳоли хеш аст дар ишқ. Ва дар истеъмол он аст, ки шарҳ диҳанд: хоҳ ақвол ва авсофи ишқ, хоҳ чизи дигар монанди лайлу наҳор ва гулу гулзор ва мунозироте, ки шуаро миёни гулу мул ва шабу рўз ва амсоли он банданд то мадҳи мамдўҳ онро ташбиб хонанд. Билҷумла абёте, ки авоили қасида бошад то мадҳ муштамил бар он чи хотири шоир хоҳад, онро ташбиб номанд. Ва ин аз қисми ғазал аст ва ҳар қасида, ки муштамил бошад бар абёти ташбиб, лозим аст, ки онро тахаллус биёранд, яъне гурез ва он интиқол аст аз услуби ташбиб ба мадҳи мамдўҳ ба ваҷҳе муносиб, чунончи дар тамсил маълум шавад ва ҳар қасида, ки дар ў тахаллус набувад, онро муқтазаб гўянд ва ҳар қасида, ки аз ташбиб орӣ бошад, чунончи аз ибтидо ба мадҳ
35 шурўъ кунанд, онро муҷаддад номанд".
Ногуфта намонад, ки Низомиддин Аҳмад низ монанди дигар донишмандон ва адабиётшиносони пешина барои муайян кардани
35 Ҳамон ҷо, вар. 8б-9а.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо