Равзанаи адаб

Бинобар ин назари Абдулғанӣ Мирзоев комилан саҳеҳ аст, ки ў пас аз пайдо кардани ҳамин гуна андешаҳо дар осори донишмандони асри 10 ва аз ҷумла дар "Ишорот ва танбеҳот"-и Абўалӣ ибни Сино менависад: «Рўдакӣ дар таълифи ин масъала (пайдоиши инсон - М.М.) бо ақидаи фалсафии асри худ ба куллӣ ҳамовоз аст». Ба ин минвол афкору андешаҳои дигари фалсафӣ низ ба ҷаҳонбинии шоир таъсир гузоштаанд. Аз назари Рўдакӣ дунё ҳамеша дар ҳаракат ва тағйирот аст, ҳама ашёи ҷаҳон аз як ҳолат ба ҳолати дигар табдил меёбанд. Чунин андешаҳои фалсафии шоир, ки метавонанд мушоҳидаҳои амиқи ҳаётии ў низ бошанд, дар яке аз охирин асарҳои ў, дар қасидаи маъруфи "Шикоят аз пирӣ" баён шудаанд:
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирду гардон аст,
Ҳамеша то бувад оин-ш гирдагардон буд.
Ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷои дард шавад
Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.
Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд
Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд.
Ҳамон шикаста биёбон, ки боғи хуррам буд
Ва боғи хуррам гашт он куҷо биёбон буд.
Андешаҳои Рўдакӣ дар бораи моҳияти ҳастии инсон, омилҳои ташаккули шахсияти он низ ҷанбаи амиқи фалсафӣ дошта, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шоир ба инсон, ҷомеа ва табиат на ба таври сатҳӣ, балки бо диди амиқ ё худ бо чашми дил нигаристааст. Худи шоир дар ин бобат фармудааст:
Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми сари ту набинад ҷаҳон.
Андешаҳои амиқро дар хусуси ҳодисаҳои гуногуни табиат ва ҳаёт, талоши кушодани розҳои ҳастӣ ва офариниши оламу одам ва амсоли инҳо дар осори шоирони ҳамасри Рўдакӣ ва Шаҳиди Балхӣ ва Кисоии Марвазӣ бештар ба назар мерасад. Аз Кисоии Марвазӣ қасидаи тўлоние боқӣ мондааст, ки саросар ба масоили гуногуни фалсафӣ бахшида шудаанд:
Ҷону хирад раванда бар ин чархи ахзаранд
Ё ҳар дувон нуҳуфта дар ин кўи ағбаранд.
Олам чаро ки нест сухангўю ҷонвар, Гар ҷону ақл ҳар ду бад-ин олам андаранд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё