Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зимнан бояд гуфт, ки суннати навиштани чунин қасидаҳои фалсафиро Носири Хусрав идома ва такомул додааст.
Рўдакӣ ва муосиронаш ба масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ низ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намудаанд. Яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ, ки сиёсати давлати Сомониён бар асоси он қарор дошт, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳии мардум аз таъриху фарҳанги бостонӣ буд, ки дар Шоҳномаи Фирдавсӣ ба таври хеле барҷаста ифода шудааст.
Бо вуҷуди он ки давлати Сомониён, ба хусус амирони аввалини он барои беҳбуди аҳволи мардум ғамхорӣ менамуданд, вазъи зиндагии мардуми заҳматкаш ва табақаҳои поёнии ҷомеа хуб набуд. Онҳо ба сахтӣ ва машаққат рўз мегузарониданд, аз самараи заҳматҳои онҳо бошад, тоифаи сарватмандон истифода намуда, бо комронӣ зиндагӣ мекарданд. Рўдакӣ ва муосиронаш ин вазъи ногувори зиндагии мардумро мушоҳида намуда, аз нобарориҳои иҷтимоӣ шикоят мекарданд. Аз ҷумла дар байти зайли Рўдакӣ, ки тавассути санъати тазод тафовутҳои тарзи зиндагии ду табақаи иҷтимоӣ хеле равшан зоҳир гаштааст, садои шикояту эътирози шоири башардўст ба гўш мерасад:

Басо касо, ки ҷавин нон ҳаме наёбад сер,
Басо касо, ки бара асту фархаша бар хон-ш.

Ҳамин мазмунро дар зарбулмасали машҳури мардуми тоҷик ҳам метавон мушоҳида кард:

Киҳо кунанд ҷавру ҷафо,
Киҳо кунанд кайфу сафо.

Муҳаммаднурӣ Усмонов дар мақолаи «Зарбулмасалу мақолҳо дар осори манзуми Рўдакӣ» ин масъаларо баррасӣ намуда, дар осори адибони маъруфи тоҷику форс интишор ёфтани онро таъйид мекунад: «Мавзўи яке ва дигаре дар шеър бо тафаккури дигар низ таҷассуми бадеӣ пайдо кардааст. Шоирон аксаран орзуҳои худро чун воқеият ба қалам дода, менависанд, ки ҳокимон байни «яке ва дигарон» сулҳ барқарор менамуданд ва барои ибрози ин матлаб тазодҳои гуногунро ба кор бурдаанд: дар осори Муҳаммад Ибни Васиф «даду дом», Дақиқӣ «палангу оҳу», Фирдавсӣ «гургу меш», «гавазну паланг».
Рўдакӣ низ дар ин мавзўъ тимсолҳои «бозу усфур», «бозу саъва"-ро истифода кардааст».

пешина
аз 625
навбатӣ