Равзанаи адаб

навъҳои шеър ва нишон додани тафовутҳои миёни онҳо ҷиҳатҳои шаклӣ ё худ қолаби зоҳирии ононро меъёри асосӣ ва маҳаки санҷиш қарор додааст. Барои мисол дар намунаҳои нақлшуда ў тафовути қасидаро аз ғазал асосан дар зиёд будани миқдори абёти он донистааст. Ҳол он ки аз муқоисаи умумии намунаҳои ин ду навъи шеър фарқиятҳои зиёдеро аз қабили таркиби алфоз, мавзўот, системаи образҳо, усули нигориш ва ҳоказо миёни онҳо мушоҳида кардан мумкин аст.
Ба ҷиҳатҳои шаклӣ бештар таваҷҷўҳ зоҳир намудани муаллифони асарҳои адабиётшиносии гузашта махсусан дар таърифи қитъа баралоина ҳувайдост. "Ал-қитъа, -менависад ў,- дар лафз пораест аз чизе... ва дар истилоҳ абёти чандест, ки муттаҳиданд дар қофия ва вазн ва матлаъ надорад. Зеро ин агар матлаъ бошад, холӣ аз ду ҳол нест: Агар мутаҷовуз аст аз дувоздаҳ байт қасида аст ва агар кам аз он аст, ғазал
36 аст".
Ҳамаи гуфтаҳои боло далели онанд, ки аксари донишмандони пешинаи назарияи адабиёт ва аз он ҷумла Низомиддин Аҳмади Сиддиқӣ низ ҳангоми муайян кардани навъҳои шеър то андозае яктарафа муносибат намудаанд, ки дар баъзе ҳолатҳо ҳатто гуфтаҳои онҳо ба амалияаш созгор намеояд.
Ҳол он ки таърифи пурра ва комилан дурусти навъҳои шеърро танҳо дар сурати ба эътибор гирифтани хусусиятҳои лафзиву маънавӣ ва ошкор намудани моҳияту вазифаи онҳо муайян кардан имконпазир хоҳад буд.
Низомиддин Аҳмад дар фасли аввал инчунин роҷеъ ба дигар навъҳои шеър амсоли рубоӣ, фард ва маснавӣ маълумот медиҳад. Ў доир ба рубоӣ сухан ронда, дорои вазни махсус будани ин навъи шеърро қайд мекунад.
"Ар-рубоӣ иборат аз ду байтест, ки (муттафиқ) дар вазн ва қофия ва вазни махсус ба вазни "ло ҳавла вало қуввата ило биллоҳ" бошад ва мисраи саввуми ўро қофия шарт нест ва инро... дубайтӣ ва чаҳормисраъӣ низ номанд. Рубоӣ:
Дӣ зулфи абирбези анбарсоят
Аз тарфи баногўши сумансимоят.
Афтода ба пои ту ба зорӣ мегуфт:
Сар то поям фидои сар то поят.
Фард аз ҷумлаи навъҳои шеъриест, ки асоси фолклорӣ доранд ва ба
адабиёти хаттӣ аз эҷодиёти лафзии халқ гузаштаанд. Оид ба ин навъи
шеър, ки дар адабиёти классикии тоҷику форс ба нудрат дучор меояд,
дар сарчашмаҳои адабӣ ва асарҳои адабиётшиносӣ маълумот хеле кам ба
назар мерасад. Ҳарчанд Низомиддин Аҳмад зикри фардро дар асараш
меорад, вале мутаассифона, маълумоти ў низ хеле мухтасар буда,
намунаҳои нақлкардааш ҳам зиёд нест. Ў фард гуфта яккабайтеро
меномад, ки ҳар ду мисраъ ва ё як мисраи он дорои қофия бошад. Чанд
36 Ҳамон ҷо, вар. 10б.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо