Равзанаи адаб

мисоли овардааш низ ба гуфтаҳои ў мувофиқ меоянд. Фарде, ки ҳар ду мисрааш қофиядор аст:
Ба парирўе агар ҳамхона бошад касе,
Майли берун ар кунад девона бошад касе.
Фарде, ки танҳо мисраи охир қофия дорад:
Гар бад-ин шаклу шамоил сўи маҳшар бигзарӣ,
Қозии ҳашр ба таъзими ту аз ҷо хезад.
Маълумоти доир ба маснавӣ додаи Низомиддин Аҳмад низ қобили таваҷҷўҳ аст. Ў пеш аз ҳама таърифи ин навъи шеърро дода, номи дигари онро, ки муздаваҷ аст, зикр мекунад ва сипас доир ба ҳафт баҳри маъмули маснавӣ аз достонҳои маъруф таҳти унвони "ҳикоят" мисолҳо меорад. Дар ин бобат худи муаллиф чунин менависад: "Ал-маснавӣ абётест муттафиқ дар вазн, ки (ҳар) яке аз он ду қофия дорад ва ҳар байте (ро) қофияи хоси алоҳидае аст ва инро муздаваҷ низ номанд".
Низомиддин Аҳмад таърифи мусамматро зикр намуда аз чӣ сабаб бошад, ки онро ба силки санъатҳо дохил мекунад: "Ал-мусаммат. Тасмит дар луғат марворид дар ришта кашидан аст ва дар саноеъ чунон аст, ки шоир мисрае чанд гўяд, ки мутаффиқ бошад дар вазн ва қофия ва дар охири мисраи охир, ки мутаффиқ аст дар вазну қофияи аслӣ биёрад, ки бинои шеър бар он аст".
Аз рўи гуфтаи муаллиф адади мисраъи бандҳои мусаммат аз 4 то 10 мебошад, ки дар асоси он мусаммат ба 7 қисм ҷудо карда мешавад:
"Ақалли мисраъи мусаммат чаҳор аст ва аксараш даҳ. Бар ин тақдир ҳафт қисм мешавад: мураббаъ, мухаммас, мусаддас, мусаббаъ, мусамман, мутассаъ, муъашшар".
Сипас доир ба ҳар як навъи мусаммат аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ, Ҳоҷа Имод, Анварӣ, Манучеҳрӣ, Ҷавҳарии Заргар намунаҳо дарҷ мегардад.
Пас аз мусаммат дар рисола шарҳи мустазод зикр ёфтааст.
Низомиддин Аҳмад бар хилофи мусаммат мустазодро навъе аз каломи манзум медонад ва таърифи онро баён мекунад.
Охирин навъи шеъре, ки Низомиддин Аҳмад доир ба он маълумот додааст, тарҷеъ мебошад. Ва ў бо истилоҳи тарҷеъ мафҳумҳои тарҷеъбанд ва таркиббандро дар назар доштааст.
Фаслҳои дуввум ва сеюми рисола, ки аз қисматҳои асосии асар ба шумор мераванд, ба тафсиру ташреҳи санъатҳои бадеӣ бахшида шудаанд. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки Низомиддин Аҳмад тамоми санъатҳои бадеиро ба ду гурўҳи асосӣ – санъатҳои лафзӣ ва маънавӣ тақсим намуда, ба ҳар гурўҳ боби алоҳидаеро махсус мегардонад.
Сониян санъатҳои бадеиро ба эътибори ҷои истеъмолашон ба санъатҳои бадеии хоси назм, наср ва муштарак ҷудо кардан мумкин аст.
Ҳарчанд Низомиддин Аҳмад чунин тақсимотро таъйид накардааст, вале ишораҳои ў дар ин бобат ҷолиби диққат аст. Муаллиф дар таърифи санъатҳое, ки ба назм хосанд, калимаи "шоир", дар таърифи санъатҳои муштарак калимаю ибораҳои "мутакаллим", "шоир ё муншӣ"-ро зикр менамояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо