Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Азбакси ба таври алоҳида дида баромадани санъати бадеии дар рисола зикршуда ва муқоисаи ақидаҳои Низомиддин Аҳмад бо андешаҳои муаллифони асарҳои дигари илми бадеъ кори басо доманадорест, мо ин ҷо танҳо чанде санъатҳои бадеии "Маҷмаъ-уссаноеъ"-ро дар муқоиса бо рисолаи "Ҳадоиқ-ус-сеҳр", ки муаллиф асосан ба он такя намудааст, аз назар гузаронида, дар охир хусусиятҳои умдаи асарро иҷмолан зикр менамоем.
Дар фасли дуввуми рисола Низомиддин Аҳмад доир ба 36 санъати бадеии лафзӣ маълумот дода, дар оғози он қайд мекунад, ки миқдори санъатҳои бадеӣ хеле зиёд аст ва дар рисола қисмате аз он "санъатҳои мўътабар ва мўътамад" оварда мешавад.
Аввалин санъате, ки дар ин фасл зикр мегардад, тарсеъ мебошад.
Муаллиф сабаби бо ин санъат оғоз кардани фаслро дар хубу шоиста омадани он санъат дар матлаъи шеър нишон медиҳад.
Низомиддин Аҳмад ҳангоми зикри санъати тарсеъ аввал маънои луғавии онро шарҳ дода, сипас таърифашро меорад ва мисолҳо нақл менамояд. Дар таърифи тарсеъ муаллиф ба хусусияти асосии ин санъат, ки ҳамоҳанг омадани калимаҳои муқобили якдигар қароргирифтаи байт аст, ишора намуда менависад: "Ат-тарсеъ. Посрӣ(аш)- нишондоди ҷавоҳир аст дар чизе ва дар истилоҳи булағо иборат аз он аст, ки муншӣ ё шоир бахшҳои суханро хона-хона намояд ва дар баробари ҳар калима калимае биёрад, ки мутасовиюлвазн ва мувофиқулқавофӣ бошад".
Таърифи мазкур ба таърифи доир ба тарсеъ додаи Рашиди Ватвот аз ҷиҳати маънӣ монанд бошад ҳам, вале аз лиҳози таркибу иборат тафовут дорад. Ин тафовут махсусан дар овардани мисолҳо равшантар мушоҳида мешавад. Низомиддин Аҳмад як мисол аз "Қуръон" ва як намуна аз абёти худи Рашиди Ватвотро бо ишораи махсус зикр мекунад, ки дар "Ҳадоиқ-ус-сеҳр" мавҷуданд. Намунаҳои дигар, ки аз ашъори Абдулвосеъи Ҷабалӣ, Салмони Соваҷӣ мебошанд, дар асари Рашиди Ватвот ба назар намерасанд.
Фарқи асосӣ дар овардани мисолҳо миёни ин рисолаҳо иборат аз он аст, ки Рашиди Ватвот абёти арабиро хеле зиёд меорад, Низомиддин Аҳмад бошад бо зикри як ё ду мисоли арабӣ, ки бештар аз "Қуръон" аст, қаноат мекунад. Масалан, агар дар "Ҳадоиқ-ус-сеҳр" барои тарсеъ 7 мисоли арабӣ иқтибос шуда бошад, Низомиддин Аҳмад ҳамагӣ 2 мисоли арабиро зикр мекунад. Қобили таваҷҷўҳ аст, ки ў дар охири маълумоташ дар ашъори Абулфараҷи Қазвинӣ хеле серистеъмол будани ин санъатро қайд менамояд, ки дар "Ҳадоиқ-ус-сеҳр" чунин ишора дида намешавад.
Яке аз санъатҳои лафзие, ки дар ороиши сухан мақоми шоистае дорад, таҷнис мебошад.
Низомиддин Аҳмад доир ба таҷнис ҳам бо ҳамон тартиби дар шарҳи тарсеъ пешгирифта сухан ронда, онро ба 7 қисм ҷудо мекунад.
"Таҷнис, - мегўяд ў,- дар луғат монанд будан аст ва дар истилоҳ он аст, ки дабир ё шоир ду лафз ё зиёда аз як ҷинс наздики якдигар биёрад, ки дар гуфтан ва ё навиштан монанди ҳам бошанд ва дар маънӣ мухталиф ва ин ҳафт қисм аст: таҷниси том, таҷниси ноқис, таҷниси зоид, таҷниси мураккаб, таҷниси мукаррар, таҷниси мутарраф, таҷниси хат".

пешина
аз 625
навбатӣ