Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки таърифи ба таҷнис додаи Низомиддин Аҳмад назар ба таърифи Рашиди Ватвот пурратар буда, илова бар ин дар "Маҷмаъ-уссаноеъ" маънои луғавии таҷнис ва дигар санъатҳо шарҳ дода мешаванд.
Вале дар бобати ба навъҳо тақсим кардани санъати таҷнис ва унвони онҳо ҳар ду муаллиф ҳамфикранд.
Рашиди Ватвот менависад: "Ин санъат (таҷнисот – М.М.) чунон бошад, ки калимоте бошад монанди якдигар ба гуфтан ё набиштан дар наср ё дар назм ва ин ҳафт қисм аст: таҷниси том, таҷниси ноқис, таҷниси шойид, таҷниси мураккаб, таҷниси мукаррар, таҷниси мутарраф, таҷниси
37 хат".
Аз муқоясаи шарҳи навъҳои таҷнис дар ду асар бармеояд, ки Низомиддин Аҳмад дар ин бобат мустақилона амал кардааст. Ҳарчанд таърифи он навъҳо ба ҳам монандӣ доранд, вале мисолҳо асосан фарқ мекунанд, Рашиди Ватвот номи дигари таҷниси зойидро музайял меномад. Аммо Низомиддин Аҳмад таҷниси зойидро ба се қисм ҷудо намуда, ба қисми сеюми он музайял ном мениҳад.
Агар дар "Маҷмаъ-ус-саноеъ" номи дигари таҷниси ноқис – маҳзуф зикр шуда бошад, дар "Ҳадоиқ-ус-сеҳр" қайд шудааст, ки таҷниси хатро музораъа ва мушокала низ гўянд.
Ҳангоми муқоясаи навъҳои мазкур бо мисолҳояшон маълум мегардад, ки ҳам маҳзуф номидани таҷниси ноқис ва ҳам музораъа ва муокала ном гирифтани таҷниси хат чандон саҳеҳ нест. Зеро аввал ин ки дар таҷниси ноқис ҳарф ва ё овозе ҳазаф ё худ партофта нашуда, танҳо ҷои як овози садонокро овози садоноки дигар мегирад ва дар навишт тағйироте ба вуҷуд намеояд. Вале "маҳзуф" маънои бурида партофтани чизе ва дар айни ҳол партофтани овоз ё ҳарфро дорад. (Аз ҳамин қабил аст дар баҳри арўз зиҳофи маҳзуф, ки аз буридани се овози охири рукни асосии баҳри ҳазаҷ "мафоъилун" ҳосил мешавад).
Инчунин дар худи "Маҷмаъ-ус-саноеъ" санъати дигаре ҳаст, ки ҳазаф ном дорад.
Сониян, таҷниси хатро музораъа ва мушокала номидани Рашиди Ватвот аз он сабаб саҳеҳ нест, ки бо номи мушокала дар "Маҷмаъ-уссаноеъ" санъати алоҳидае зикр шудааст ва он аз таҷниси хат комилан фарқ мекунад.
Ҳар ду муаллиф ҳам ба таркиббанди Қатрон, ки дар он аз аввал то охир таҷниси мукаррар риоя шудааст, ишора менамоянд. Вале агар Рашиди Ватвот бо овардани танҳо як таркиббанди Қатрон қаноат карда бошад, Низомиддин Аҳмад ду банди онро пурра зикр мекунад, ки ин боиси ба хонанда равшан шудани моҳияти санъати мазкур ва қудрату маҳорати шоир мегардад.

37 Рашиди Ватвот, Девон, бо муқаддима, муқобала ва тасҳеҳи Саид Нафисӣ,
Теҳрон, 1388, саҳ. 625-626.

пешина
аз 625
навбатӣ