Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Санъати дигари лафзие, ки шарҳи онро ҳар ду муаллиф қаламдод кардаанд, мақлуб аст.
Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки тавассути ин санъат ба андозаи кам бошад ҳам аз нуқтаи назари муаллифон доир ба шеър пай бардан мумкин аст. Зеро санъати мақлуб, ки бунёди он бар пасопеш гузоштани ҳарфу калимаҳо дар байт аст, аз ҷумлаи он санъатҳои лафзиест, ки на барои ифодаи мазмуну афкори баланд ва ороишу тазйини сухан, балки барои шаклпарастии маҳз ва суханбозӣ истифода мешуд. Рашиди Ватвот таърифи мақлубро ба ин тариқа зикр мекунад: "Ва аз ҷумлаи санъатҳое, ки дар назму насри бадеъ ва ғариб доранд ва бар қуввати табъу хотираи шоиру дабир далолат кунад, мақлуб аст ва мақлуб бошгуна (яъне вожгуна – М.М.) бошад ва анвоъи ў басест. Аммо чаҳор навъи маъруфтарро ин ҷо ёд мекунем: мақлуби баъз, мақлуби кул, мақлуби муҷаннаъ, мақлуби муставӣ".
Аз ин таъриф бармеояд, ки Рашиди Ватвот аз ҷумлаи тарафдорони равияи шаклпарастист ва дар шеър зиёд кор фармудани ҳар гуна санъатҳои лафзиро аз қуввати табъу хотири шоиру нависандагон медонад. Ба ин ашъори худи шоир низ гувоҳӣ медиҳанд. Дар девони ў шеърҳое, ки саропо дар онҳо истифодаи ин ё он санъати лафзӣ риоя шудааст, ё худ шеърҳои маснўъ хеле зиёд ба назар мерасад.
Низомиддин Аҳмад, ки доир ба нуқтаи назари ў ба шеър сонитар сухан хоҳем ронд, бар хилофи Рашиди Ватвот бевосита таърифи мухтасари санъати мақлубро оварда, намудҳои онро зикр мекунад ва ба ҳар яке аз он бо овардани танҳо як-дутоӣ мисол қаноат мекунад. Ҳол он ки Рашиди Ватвот барои ҳар намуди мақлуб бо ду забон 7-8 мисол меорад. Таърифи ба мақлуб додаи Низомиддин Аҳмад чунин аст:
"Ал-мақлуб дар луғат бозгуна карда шуда ва дар истилоҳ каломест, ки баъзе ҳуруф ё тамоми ҳуруфи онро баргардонида бошанд ва ақсоми машҳури он чаҳор аст..."
Аз ин тарзи тавзеҳи санъати мақлуб таваҷҷўҳи зиёд надоштани Низомиддин Аҳмад ба ин санъат ҳувайдо мегардад.
Ба ҳамин тариқа миёни шарҳу тафсирҳои саноеъи лафзии ду рисолаи номбурда тафовут ва умумиятҳои хеле зиёде мавҷуданд, ки таҳқиқи ҳаматарафаи онҳо тадқиқоти махсусро тақозо мекунад.
Бояд гуфт, ки агар Низомиддин Аҳмад тамоми санъатҳои бадеиро ба ду гурўҳ ҷудо карда бошад, Рашиди Ватвот бидуни тақсимот санъатҳои лафзиву маънавиро якҷоя шарҳ медиҳад. Миқдори санъатҳо низ дар рисолаҳо мухталиф аст. Дар "Маҷмаъ-ус-саноеъ" 36 санъати лафзӣ тафсир ёфтааст, дар "Ҳадоиқ-ус-сеҳр" бошад адади санаи лафзӣ 22 буда, 14 санъати боқимонда тамоман зикр нашудааст.
Чунонки қайд шуд, фасли саввуми "Маҷмаъ-ус-саноеъ" зикри санъатҳои бадеии маънавиро дар бар мегирад.
Зимнан бояд хотирнишон сохт, ки дар байни санъатҳои лафзӣ ва маънавӣ гузоштани ҳадди устувор имконнопазир аст, зеро ин ё он санъати бадеии маънавӣ дар баробари ифодаи маъние то андозае ороиши зоҳирии суханро низ таъмин менамояд ва баръакс санъатҳои лафзӣ ҳам комилан аз маънӣ холӣ нестанд.

пешина
аз 625
навбатӣ