Равзанаи адаб

Илова бар ин иддае санъатҳои бедӣ ҳастанд, ки онҳоро ҳам ба гурўҳи санъатҳои лафзӣ ва ҳам ба гурўҳи санъатҳои маънавӣ дохил кардан мумкин аст. Чунин санъатҳои бадеиро адабиётшиноси муосири Эрон Маҳмуди Нишот санъатҳои муштарак меномад ва ибдоъ, бароати истеҳлол, тарҷима, ҳусни матлаъ, ҳусни мақтаъ, ҳусни таълил, каломи ҷомеъ барин санъатҳоро ба ин гурўҳ дохил мекунад.
Ҳарчанд Низомиддин Аҳмад санъатҳоро ба чунин гурўҳи алоҳидае ҷудо накардааст, вале барои ороишии зоҳирии калом низ хизмат кардани санъатҳои маънавиро пай бурда дар ин бобат дар ибтидои фасли сеюм ишора мекунад ва иҳомро барои мисол зикр менамояд:
"Фасли сеюм дар зикри саноеъи маънавӣ, ки муҳассаноти ў ба ҳасби мурод дар маънист, агарчи ба табъият дар лафз ҳам ёфта шавад. Аз он ҷумла иҳом..."
Маълумотҳои доир ба санъатҳои бадеии маънавӣ дарҷкардаи Низомиддин Аҳмад низ мустақил ва дорои хусусиятҳои хос буда, аз маълумотҳои Рашиди Ватвот тафовутҳо доранд.
Иҳом аз ҷумлаи он санъатҳое ба шумор меравад, ки ба шеър обу ранги тозае бахшида, хонанда ва шунавандаро барои дарки матлаби аслии муаллиф ба андешаву тааммуқ водор месозад ва истифодаи он аз адиб меҳнати зиёдеро талаб мекунад.
Аз ин ҷост, ки ҳам Рашиди Ватвот ва ҳам Низомиддин Аҳмад доир ба ин санъат бештар таваққуф намуда, онро ба таври муфассал шарҳ додаанд.
Низомиддин Аҳмад аввалан ду номи дигари иҳомро зикр намуда, сониян ақидаи фусаҳои арабро доир ба ин санъат баён мекунад:
"Ал-иҳом. Ин санъатро тахйил ва тавзана низ номанд. Назди фусаҳои тозӣ он аст, ки дар калом истеъмоли лафзе кунанд, ки ду маънӣ дошта бошад: қариб ва баъид. Зеҳни сомеъ ба маънии қариб равад ва муроди қоил маънии баъид бошад". Ҳарчанд муаллиф танҳо нуқтаи назари фусаҳои арабро хотирнишон мекунад, вале ягон мисоли арабиро ҳам наоварда, ду мисоли тоҷикиро зикр мекунад ва онҳоро шарҳу тавзеҳ медиҳад. Барои мисол намунаи аввалро аз назар гузаронем, ки ба Салмони Соваҷӣ тааллуқ дорад:
"Сабо чун шасти зулфат баркушояд,
Зи тири чарх бонги зеҳ барояд.
Чун зеҳ қаринаи шаст ва тир аст, зеҳни сомеъ аз зеҳ ба зеҳи камон меравад ва мақсуди қоил таҳсин аст. Ва тир чун қаринаи шаст ва зеҳ аст, зеҳн ба тир меравад, ки меандозанд ва муроди шоир Аторуд аст..."
Ин мисол дар ҳақиқат ақидаи баёншудаи фусаҳои арабро ба субут мерасонад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки санъати иҳом дар маънии боло, ки дар адабиёти араб ва чи дар адабиёти тоҷику форс маъмул будааст.
Вале аз идомаи баёноти Низомиддин Аҳмад равшан мешавад, ки иҳом дар ашъори шоирони тоҷику форс танҳо бо як маънӣ маҳдуд нагардида, маънӣ ва вазифаҳои тозаеро касб кардааст:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо