Равзанаи адаб

"Фа аммо назди шуарои Аҷам иҳом лафзест, ки дар калом аз ў зиёда бар як маънӣ қасд тавон кард. Хоҳ он маънӣ дар ҳасби фаҳм дар қурб ва баъд мутафовут бошад, хоҳ мутасовӣ".
Мисолҳо ва шарҳҳои ба онҳо овардаи муаллиф гуфтаи ўро тасдиқ мекунанд. Аз ҷумла дар байти зерини Имоди Фақеҳ калимаи "шоҳӣ"
дорои чаҳор маънӣ буда, дар ҳамаи мавридҳо ба таносуб ва мазмуни байт халале намерасад:
Дил акси рухи хуби ту бар оби равон дид,
Вола шуду фарёд баровард, ки шоҳӣ!
Акнун бубинем, ки санъати иҳом дар замони Рашиди Ватвот ин гуна вазифаҳоро доштааст, ё не.
Дар "Ҳадоиқ-ус-сеҳр" Рашиди Ватвот таърифи иҳомро мухтасаран зикр намуда, ба ҷои калимаи баъид (дур) калимаи ғарибро истифода мекунад:
"Порсии иҳом ба гумон афкандан бошад ва ин санъатро тахйил низ хонанд ва чунон бувад, ки дабир ё шоир дар наср ё дар назм алфозе ба кор барад, ки он лафзро ду маънӣ бошад, яке қариб ва дигаре ғариб. Ва чун сомеъ он алфоз бишнавад ҳоле хотираш ба маънии қариб равад ва мурод аз он лафз худ маънии ғариб бошад..."
Мисолҳои зиёди овардаи муаллиф, ки аксар арабианд, асосан дорои ҳамон хусусият мебошанд.
Аз муқоисаи таърифи мазкури Рашиди Ватвот бо гуфтаҳои Низомиддин Аҳмад аён мегардад, ки то асрҳои 11-12 доманаи санъати иҳом ҳанўз танг буда, танҳо ин вазифаро адо мекардааст.
Шарҳи ба санъати иҳом зикрнамудаи Низомиддин Аҳмад низ аз мустақилияти шеваи нигориши ў дарак медиҳад. Аввалан аз мисолҳои дар "Ҳадоиқ-ус-сеҳр" сабтшуда Низомиддин Аҳмад тамоман истифода накардааст. Сониян агар дар асари Рашиди Ватвот ривояте доир ба Абўалӣ Ибни Сино дарҷ шуда бошад, ба ҷои он Низомиддин Аҳмад ривояти тозае меорад, ки дар хусуси муносибати Алишер Навоӣ бо Абулбар ном шоир баҳс мекунад.
Санъати ташбеҳ ва навъҳои он аз зумраи санъатҳоест, ки ба шеър ороишу ҷозибаи тозае мебахшад ва аз мустаъмалтарин санъатҳои бадеӣ дар адабиёти тоҷику форс ба ҳисоб меравад. Бинобар ин чи Рашиди Ватвот ва чи Низомиддин Аҳмад ба ин санъат таваҷҷўҳи зиёде зоҳир намудаанд. Дар шарҳи ин санъат низ таърифи муаллифон аз ҷиҳати маъно ба ҳам мувофиқ буда, вале аз лиҳози тарзи баёну овардани намунаҳо аз ҳамдигар тавофутҳо доранд.
Дар ҳарду рисола ҳам санъати ташбеҳ ба 7 қисм ҷудо карда мешавад ва номи онҳо ба қарори зайл аст: ташбеҳи мутлақ, ташбеҳи машрут, ташбеҳи киноят, ташбеҳи тасвият, ташбеҳи акс, ташбеҳи измор, ташбеҳи тафзил.
Тафовути ҷиддие, ки байни шарҳҳои санъати мазкур мушоҳида мешавад,иборат аз он аст, ки агар Рашиди Ватвот пас аз зикри таърифи ташбеҳ мулоҳизаҳову андешаҳояшро доир ба тарзи истеъмоли ин санъат баён карда бошад, Низомиддин Аҳмад аз ин кор худдорӣ намуда, танҳо бо зикри таърифи ташбеҳ ва ақсоми он қаноат меварзад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо