Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, ин фақат барои мухтасарбаёнӣ набуда, сабабҳоеро дорост. Ба назари мо яке аз сабабҳои асосии он дар тарзи истеъмол ва истифодаи санъати ташбеҳ аз тарафи адибони давраҳои муаллифон буда, ба хусусиятҳои услубӣ ва эстетикии назми тоҷику форс дар марҳалаҳои гуногуни тараққиёташ алоқадор аст. Чунончи, Рашиди Ватвот таъкид мекунад, ки ташбеҳкунанда (мушаббаҳ биҳи) ва ташбеҳшаванда (мушаббаҳ) бояд чизҳои мавҷуд, яъне предметҳои конкретӣ бошанд аз қабили ҳилол ва наъли асп, ки дар ҳолати акс кунонидан ё худ иваз намудани ҷойҳои онҳо ба шеър халале нарасад. Бар хилофи ин ў ташбеҳи чизҳои хаёлӣ ва мавҳумро дар шеър наммеписандад ва чунин менависад:
"Бояд ки чунонки мушаббах мавҷуде бувад ҳосил дар аъён мушаббаҳ биҳи низ мавҷуде бувад ҳосил дар аъён ва албатта, некў ва писандида нест ин ки ҷамоъате аз шуаро кардаанд ва мекунанд. Чизеро ташбеҳ кардан ба чизе, ки дар хаёл ва ваҳм мавҷуд набошад ва на дар аъён. Чунонки ангишти афрўхтаро ба дарёи мушкин, ки мавҷи ў заррин бошад, ташбеҳ кунанд ва ҳаргиз дар аъён на дарёи мушкин мавҷуд асту на мавҷи заррин ва аҳли рўзгор аз ҳиллати маърифати эшон ба ташбеҳоти Азрақӣ мафтун ва мўҷиб шудаанд ва дар шеъри ў ҳамаи ташбеҳот аз ин ҷинс аст ва ба кор наёяд".
Дар ҳақиқат дар ашъори шоирони давраҳои пешин, махсусан шоирони асрҳои 10 ва нимаи аввали асри 11, истифодаи ташбеҳу истиораҳои мавҷуду конкретӣ ва дар ҳаёту табиат вуҷуддошта маъмул гардида буд, ки мисоли равшани он осори Рўдакӣ ва муосирони ў шуда метавонад. Чунон ки маълум аст, дар асрҳои минбаъда истеъмоли ташбеҳу образҳои муҷарраду абстракт ва мавҳум дар назми тоҷику форс авҷ мегирад ва дар ашъори ҳамзамонони Низомиддин Аҳмад махсусан шоирони бо сабки ҳиндӣ эҷодкунанда ба ҳукми одат ва анъана медарояд.
Аз ин ҷост ки Низомиддин Аҳмад зикри масоилеро, ки дар ҳаёти адабии давр ҷорӣ ва устувор шудааст, зарур намешуморад.
Ба ҳамин минвол дар "Маҷмаъ-ус-саноеъ" 37 санъати бадеии маънавӣ шарҳу тафсир ёфтаанд, ки аз он ҷумла зикри 12 санъат дар "Ҳадоиқ-ус-сеҳр" тамоман ба назар намерасад.
Дар фасли чаҳоруми "Маҷмаъ-ус-саноеъ" доир ба сирқоти шеърӣ ва навъҳои он маълумот дода шудааст. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки ин масъала дар як қатор асарҳои оид ба илми бадеъ аз қабили "Тарҷумонул-балоғат"-и Родуёнӣ, "Ҳадоиқ-ус-сеҳр"-и Рашиди Ватвот, "Ҳақоиқ-улҳадоиқ"-и Шарафиддини Ромӣ ва амсоли инҳо мавриди таҳлилу тавзеҳ қарор нагирифтааст. Дар ин бобат маълумоти нисбатан муфассалтареро Шамс Қайси Розӣ дар "Ал-Мўъҷам" дарҷ намудааст.
Агар дар таълифи бобҳои аввали асар Низомиддин Аҳмад асосан ба Рашиди Ватвот пайравӣ намуда бошад, ҳангоми навиштани фасли чаҳорум ба кадом асар такя намудани ў маълум намегардад. Зеро дар ин хусус аз як тараф худи муаллиф ишорае намекунад, аз тарафи дигар маълумотҳои ў аз маълумотҳои Шамс Қайс комилан фарқ доранд.

пешина
аз 625
навбатӣ