Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низомиддин Аҳмад пас аз шарҳи сирқот онро ба ду қисми асосӣ ҷудо намуда, ҳар яки онро бо овардани мисолҳо шарҳ медиҳад. Ў маънои луғавӣ ва истилоҳии сирқаро ба тариқи зайл тавзеҳ менамояд: "Сирқа дуздӣ аст ва сирқаи шеър он аст, ки шоир шеър ё мазмуни дигареро ба номи худ кунад. Агар чунончи иттифоқи ду кас дар маънии умум воқеъ шавад, монанди ташбеҳи хаз ба гул ва қад ба сарв сирқа нест ва он чи онро сирқа эътибор кунанд, ду қисм аст: қисме зоҳир ва қисме ғайризоҳир".
Сипас муаллиф ҳар яки ин қисмҳоро ба се тариқ ҷудо намуда, ба таври ҷудогона шарҳ медиҳад. Низомиддин Аҳмад сирқаро, махсусан қисми аввали онро дуздии холис номад ҳам, дар сурати аз ҷиҳати ҳусни таркиб, узубату тарзи баён беҳтар будани шеъри дуввум онро мақбулу писандида мешуморад. Вале боз қайд мекунад, ки агар шеъри сонӣ аз лиҳози узубату нафосат ба шеъри аввал баробар набошад, қабеҳ ва мазмум аст.
Аз ин ҷо то андозае тарафдори сирқаи моҳирона анҷомгирифта будани Низомиддин Аҳмад равшан мегардад.
Пўшида нест, ки баъзан дар ашъори шоирон байтҳои ҷудогона бо байтҳои шоирони пешин тасодуфан монанд ва ҳаммазмун мешаванд, ки ин ҳодисаро таворуди хотир меноманд. Шоёни диққат аст, ки Низомиддин Аҳмад бо унвони нукта ба ин масъала ишора менамояд ва барои тақвияти иддао қитъаи Камолиддин Исмоили Исфаҳониро мисол меорад: "Ҳукм ба ахаз ва сирқа набояд намуд то маълум набувад, ки шоири дуввум аз шоири аввал бурда ва дар ҳангоми иншо шеъри ўро дар хотир дошта бошад ва илло метавонад буд, ки аз қабили таворуди хотирҳо бошад, яъне он чи ба зеҳни шоир хутур кунад, ёд карда бошад.
Камоли Исмоил гўяд:

Магар таворуди хотир, ки дар маҷории он
На мумкин аст, ки кас мўътариз шавад бар вай.
Ду роҳрав, ки ба роҳе раванд бар як самт,
Аҷаб набошад агар уфтанд пай дар пай".

Дар охири фасл барои таворуд чанд ҳикоят оварда мешавад.
Ниҳоят хотимаи асар, ки "Дар зикри баъзе алфоз, ки баёни он муносибат дорад бад-ин илм" ном гирифтааст, шарҳи 9 истилоҳи ба илми бадеъ оидбударо дар бар мегирад. Истилоҳоти мазкур бештар ба истисноҳо ва нозукиҳои тарзи баён ва услуби шеър алоқадор буда, шарҳи онҳо барои дуруст ва ҳаматарафа дарк намудани асарҳои манзум мадад мерасонанд. Масалан истилоҳи "тағйир" ба тарики зайл тавзеҳ меёбад:
"Тағйир он аст, ки лафз аз сурате, ки дорад ба сурати дигар гардонад то вазни байт ё қофия дуруст гардад. Чунонки Абушукур ҷиҳати қофия дар ин байт "нилуфар"-ро "нилуфал" бастааст:

Оби ангуру оби нилуфал
Мар маро аз абиру мушк бадал".

пешина
аз 625
навбатӣ