Равзанаи адаб

Ба ҳамин минвол Низомиддин Аҳмад истилоҳҳои танофур, мухолифи қиёс, ғаробат, таъқиди лафзӣ, ийто, икфо, бадеҳаву иртиҳолро эзоҳ дода, дар поёни асар таърихи таълифи рисоларо қайд менамояд.
Пеш аз он ки хусусиятҳои асосии "Маҷмаъ-ус-саноеъ" қаламӣ гардад, лозим аст, ки нуқтаи назари Низомиддин Аҳмадро оид ба шеър ва хосиятҳои он то ҳадди имкон муайян шавад.
Мутаассифона, Низомиддин Аҳмад дар рисолааш таърифи нисбатан мукаммали шеърро, ки дар баъзе асарҳои мутафаккирони пешгузаштааш вуҷуд дорад, зикр накардааст. Аз ин ҷост, ки ҳаматарафа муайян кардани диди эстетикӣ ва назари муаллиф ба шеъру шоирӣ аз имкон берун аст. Бо вуҷуди ин дар асоси ишораҳои ҷудогонаи муаллиф дар ин хусус баъзе маълумотҳо ба даст меояд.
Низомиддин Аҳмад пеш аз ҳама вазну қофияро ҷузъҳои асосӣ ва ҷудонашавандаи шеър дониста, таъкид менамояд, ки "қофияи бевазн шеър нест, чунончи вазни беқофия шеър нест". Ў шеърро маҳз дар якҷоягии вазну қофия дида, каломеро, ки дорои яке аз онҳост ва ё ҳеҷ якеро надорад, ба гурўҳи наср ва анвоъи он дохил мекунад.
Чунон ки маълум аст, санъатҳои бадеӣ барои ба таври образноку муассир бо пирояи латифу гуворо рангину ҷозибанок ифода намудани афкору эҳсос истифода мешаванд. Муроди Низомиддин Аҳмад низ аз истеъсоли санъатҳои бедӣ хоҳ лафзӣ ва хоҳ маънавӣ асосан дар баёни пуробуранги маъниҳо, тасвири бадеъ ва дилнишин аст. Вале чи навъе ки дар "Маҷмаъ-ус-саноеъ" ҳам зикр шудааст, аз қабили мувассал, муқаттаъ, манқут, рақто ва амсоли инҳо иддае санъатҳои лафзӣ ҳастанд, ки маҳз барои шаклбозӣ истифода мешуданд.
Аз ин рў Низомиддин Аҳмад вуҷуд доштани ду тариқро дар кор фармудани санъатҳои бадеӣ қайд мекунад:
"Бар донишписандони суханвар ва хозинони ақлу ҳунар мўҳтаҷаб ва мастур намонад, ки дар ҷомеъи ин саноеъе, ки мазкур шуд, қойилро бояд, ки лафзро тобеи маънӣ созад, маъниро пайрави лафз гардонад ва миёни ин ду тариқ фарқ бисёр аст".
Аз нақле ки пас аз ин меояд, маълум мегардад, ки Низомиддин Аҳмад тарафдори созгор омадани лафзу маънӣ ё ба ибораи дигар ягонагии шаклу мундариҷаи каломи бадеъ буда, бартарияти мундариҷаро дар ин ягонагӣ ба эътибор мегирифтааст. Аз ҷумла ў менависад: "Дар мақомот ҳикояти худ (Абулқосим Ҷарир- М.М.) сохта навишта маъниро мувофиқи лафз оварда буд. Дар ин мақом ба хилофи он лафзро мутобиқи маънӣ боистӣ овард".
Ақидаи Низомиддин Аҳмад доир ба мутобиқати лафзу маънӣ на танҳо дар мисраъву байтҳои ҷудогона, балки дар як ҳикоят ё худ асари том қобили қайд буда, аз дурустии мавқеи ў дар ҳалли ин масъала ва дур буданаш аз равияи шаклпарастии маҳз гувоҳӣ медиҳад.
Аз ишораҳо ва намунаҳои овардаи муаллиф равшан мегардад, ки ў ба ҷиҳатҳои мундариҷавии асарҳо ва ақоиду афкори пешқадами иҷтимоии адибон таваҷҷўҳи зиёде зоҳир менамояд. Инро дар тафсири санъати калом-ул-ҷомеъ ва мисоли барои он овардааш возеҳан метавон мушоҳида кард:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо