Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

"Ал-калом-ул-ҷомеъ иборат аз он аст, ки шоир дар абёти хуш аз мавъизат ва ҳикмат ва шикояти рўзгор дарҷ кунад. Заҳири Фарёбӣ гуфта:

Маро аз дасти ҳунарҳои хештан фарёд,
Ки ҳар яке ба дигаргуна дорадам ношод.
Бузургтар зи ҳунар дар Ироқ айбе нест
Маро бигўй, ки он айб бар ту аз чӣ фитод...
Камина пояи ман шоирист худ бингар,
Ки чанд гуна кашидам зи дасти ў бедод.
Зи шеър ҷинси ғазал беҳтар асту в-он ҳам нест
Бизоате, ки тавон сохтан бар он бунёд...
Дар ин замона чу фарёдрас намебинам
Маро расад, ки расонам бар осмон фарёд".

Низомиддин Аҳмад таъйид мекунад, ки шоир ё нависанда дар баробари ифодаи маъниҳои баланд бояд ба салосату малоҳат, равониву фасоҳати асар диққати махсус диҳад. Ў ҳамаи ин хусусиятҳоро, ки боиси афзоиши таъсири эмотсионалии калом мегарданд ва он ба дарки муроди аслии адиб мадад мерасонанд, ҳусни калом меномад ва дар ҳар маврид рияоти онро дар асар шарти зарурӣ мешуморад.
Қобили қайд аст, ки Низомиддин Аҳмад чи дар ифодаи маънӣ ва чи дар ороишу тазйини сухан риоя намудани ҳадди эътидол ё худ меъёри муайянеро таъкид менамояд. Агар дар чанд маврид омилҳои ба ҳусни калом халалрасонандаро нишон дода бошад, дар ҷои дигар дар мадҳу ситоиши мамдўҳон ба муболиғаи зиёд роҳ доданро аз нуқсонҳои ашъори мадҳӣ шумурда менависад: "Аз уюби мадҳ ва муболиға аст, он чи аз ҳадди ҷинси мамдўҳ ифрот кунанд ва ё тафрит намоянд". Ин ақидаи муаллиф то андозае зуҳури эътирози ў ба назми шуарои дарбор мебошад.
Зеро маҳз мадеҳасароёни дарбор дар қасоиди мадҳии худ шоҳону дарбориёнро бо тавсифҳои мутантану тумтароқ ва муболиғаҳои номавҷуд ситоиш намуда, ба ин васила аз онҳо силаву инъомҳо мегирифтанд.
Гуфтаҳои боло, ҳарчанд хеле мухтасаранд, аз муносибати дурусти Низомиддин Аҳмад бо баъзе масъалаҳои адабӣ ва назари пешқадами эстетикии ў шаҳодат медиҳанд.
Ба назари мо ҳоло пурра ва ҳартарафа муайян намудани хусусиятҳои умда ва хоси "Маҷмаъ-ус-саноеъ" барин асаре, ки дар асри
17 эҷод шудааст, дар ҳаҷми ин тадқиқот бо баъзе сабабҳо имконнопазир аст. Аввалан аз асарҳои бешуморе, ки дар илми бадеъ таълиф шудаанд, ҳоло миқдори хеле каме боқӣ мондааст.
Дигар ин ки он осари боқимонда низ ҳанўз мавриди таҳлилу тадқиқи амиқ қарор нагирифтааст ва ин имкон намедиҳад, ки рисолаи мазкур бо дигар асарҳо аз ҳар ҷиҳат муқояса карда шавад. Аз ин рў чанде хусусиятҳоеро, ки зикр хоҳем кард, маънои танҳо ба "Маҷмаъ-уссаноеъ" хос будани онҳоро надошта, шояд дар рисолаҳои дигари оид ба илми бадеъ низ дучор оянд.

пешина
аз 625
навбатӣ