Равзанаи адаб

"Маҷмаъ-ус-саноеъ"-и Низомиддин Аҳмади Сиддиқӣ дар замоне таълиф шуда буд, ки адабиёти тоҷику форс дар сарзамини Ҳинд тавсиъа ва нумўъи тоза пайдо мекард. Дар он даврон ба қавли Шиблии Нўъмонӣ ба ашъори шоирони Ҳинд латофату назокати баён, борикии хаёл, рангинии адо бештар роҳ меёфт, истифодаи ташбеҳу истиораҳои мураккабу мавҳум, маҷозу тамсилҳои печ дар печ ва амсоли инҳо воситаҳои тасвири бадеъ авҷ мегирифт. Ҳамаи инҳо аз ҷумлаи омилҳое буданд, ки таълифи асари мукаммалеро дар боби илми бадеъ тақозо менамуданд.
Низомиддин Аҳмад ба эътибори дархости ҳаёти адабии давр рисолаи худро ба сифати дастуре роҷеъ ба масоили мухталифи илми бадеъ аз қабили намудҳои каломи бадеъ, навъҳои назму наср, хелҳои зиёди санъатҳои бадеӣ ва истилоҳоти гуногуни адабиётшиносӣ иншо намуда, манзури аҳли илму адаб ва ҳавохоҳони шеъру шоирӣ гардонд.
Ҳамчун дастур ва барои доираи васеи хонандагон таълиф шудани рисола аз он ҳам ҳувайдост, ки муаллиф дар аксар мавридҳо маънои луғавии санъатҳо, моҳияту вазифаи онҳо ва мисолҳои мураккабу печ дар печро муфассалан шарҳу эзоҳ медиҳад. Ин ҳолат дар зикри санъатҳои ташбеҳ, мувассал, ҳайфо, маҳорулмузмар, риқто, лафуннашр, ирсод, муқаттаъ ва ҳоказо равшантар ба назар мерасад.
Дар рисола номҳои мухталифи санъатҳои ҷудогона зикр мешавад.
Масалан номҳои дигари мўхтамил-уз-зиддайн (зулҷиҳатайн), суолу ҷавоб (муроҷаа), тадорук (истидрок), мадҳ-ул-муваҷҷаҳ (истатил), эътироз-улкалом қабл-ат-тамом (ҳашв), ҳусн-ут-талхис (иқтизоб) барин санъатҳо қайд шудааст.
Низомиддин Аҳмад бо мақсади равшану возеҳ нишон додани маъниву моҳияти санъатҳо мисолҳои фаровонро аз шоирони давраҳои гуногун зикр менамояд. Аз ҷумла барои санъати ҳусн-ут-талаб аз Қавомӣ якчанд порчаи шеър ва аз Анварӣ қитъаи комил, барои ташбеҳу навъҳои он ғазалу қитъаҳои пурра ва барои ҳар як навъи шеър чандин намунаҳои комил оварда шудаанд.
Илова бар ин баъзан дар зимни шарҳи санъатҳои бадеӣ вобаста ба онҳо нақл, ривоят, ҳикоят ва латифаҳои ғароибе оварда мешавад.
Чунончи Низомиддин Аҳмад ҳангоми шарҳи ташбеҳи мутлақ барои тақвияи фикр нақлеро меорад, ки дар он роҷеъ ба маҳорати бадеҳагўии Муиззӣ ва бо гуфтани шеъре, ки дар он санъати мазкур устодона истифода шудааст, ба мартабаи баланд соҳиб шудани ў дар дарбори Маликшоҳ сухан меравад. Ҳамчунин дар бораи Хоқонӣ, Салмони Соваҷӣ, Алишери Навоӣ барин шоирони маъруф нақлу ҳикоятҳо оварда шудаанд. Ҳарчанд он нақлу ҳикоятҳо бештар ҷанбаи ривоятӣ доранд, бо вуҷуди ин барои муайян намудани лаҳзаҳои ҳаёт ва хусусиятҳои эҷодиёти шоирони гузашта аз манфиат барӣ нест.
Дар "Маҷмаъ-ус-саноеъ" инчунин алоқамандона бо ин ё он масъала ба асарҳои ҷудогонаи шоирон ишораҳо шудааст, ки онҳо ба аҳамияте моликанд. Агар асарҳои Аҳлии Шерозӣ "Баҳри Ҷалол" ва Фаттоҳӣ "Шабистони хаёл", ки ба онҳо ишора рафтааст, маъруф бошанд, "Қиссаи Юсуф:..."-и Амъақи Бухороӣ ва "Ороми ҷон"-и падари муаллифи рисола Шайх Муҳаммад Солеҳ, ки Низомиддин Аҳмад гўшзад намудааст, ба аҳли илму адаб маълум ва дастрас нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо