Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Махсусан, ишораҳои ба маснавии "Ороми ҷон" кардаи муаллиф ва иқтибосҳои аз он овардааш, ки хеле зиёданд, қобили таваҷҷўҳ аст.
Ғайр аз ин Низомиддин Аҳмад ба сифати мисол аз ашъори шоирони муосири худ низ намунаҳо меорад, ки онҳо барои муайян кардани масъалаҳои мухталифи ҳаёти адабии давр мадад мерасонанд.
Дар ин бобат хусусан намунаҳои барои санъати таърих овардаи муаллиф ҷолиби диққат буда, аз чанд ҷиҳат муфиданд. Аввал ин ки ҳамаи он намунаҳо ба қалами ҳамзамонони муаллиф аз қабили Хоҷа Ҳусайни Марвӣ, Мирзо Абдураззоқ, Таҳмосбқулии турк ва падари ў Муҳаммад Солеҳ барин шоирони номашҳур тааллуқ дошта, аз маъхазҳои дигар ёфтани онҳо душвор аст. Дигар ин ки намунаҳо дорои аҳамияти калони таърихӣ буда, аз онҳо доир ба ҳодисаҳои гуногуни таърихии замони муаллиф монанди таърихи салтанати Акбарподшоҳ ва аз тарафи Нодир Муҳаммадхон забт гардидани Балх ва Бадахшон, соли таваллуди Муҳаммад Ҷаҳонгир, санаи вафоти ҳокимон Султон Маҳмуд, Низомулмулк, Ҳотам Аҳмад маълумотҳо ба даст меояд.
Аз тартибу танзими рисола маълум мегардад, ки Низомиддин Аҳмад аз забон ва адабиёти араб хуб огоҳ будааст. Инро иқтибосҳои зиёде, ки ба аксари санъатҳо ва ашъори шоирони араб ва беш аз ҳама аз "Қуръон" оварда шудааст, муқоисаи моҳияту вазифаи санъатҳо дар адабиёти тоҷику форс ва араб (монанди "Иҳом"), мулоҳизаҳои муаллиф дар бобати баъзе хусусиятҳои адабиёти араб тасдиқ мекунанд. Аз ҷумла муаллиф ҳангоми тавҷеҳи ҳусни тахлис ба як хусусияти қасидасароии давраи ҷоҳилияи адабиёти араб ишора менамояд "...ашъори араб дар айёми ҷоҳилият бар он ватира (яъне овардани иқтизоб ё худ ба ваҷҳи муносибе аз ташбиб ба мадҳ гузаштан – М.М.) буд. Аммо алҳол ин тарз маълум ва матруҳ аст".
Бояд гуфт, ки "Маҷмаъ-ус-саноеъ" ҳарчанд бо мақсади шарҳу тавҷеҳи навъҳои шеър, санъатҳои бадеӣ, сирқоти шеърӣ ва дигар истилоҳоти адабӣ таълиф шудааст, бо вуҷуди ин дар он то андозае ҷанбаҳои тадқиқотиву таҳқиқотӣ ва назари амиқу муносибати дақиқи муаллиф ба масъалаҳои мухталифи адабӣ ба назар мерасад, ки чанде аз онҳоро қайд кардан ҷоиз аст.
Дар баъзе мавридҳо муаллиф ба ин ё он хусусият ва характери умумии ашъори шоирон баҳо медиҳад ва барои исбот мисолҳои зиёде меорад. Аз ҷумла "шомили ташбеҳи киноят" будани "аксари ашъори Бадри Чочӣ", "дар ашъори Абулфараҷи Қазвинӣ аксар риоя шудани санъати тарсеъ", "дар ашъори Абулвосеи Ҷабалӣ бисёр омадани санъати тафсири хафӣ" қайд карда мешавад.
Муносибати Низомиддин Аҳмад махсусан ба эҷодиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ ва мулоҳизаҳояш доир ба ашъори ў шоёни диққат аст.
Зимнан бояд гуфт, ки қариб чаҳоряки мисолҳои дар рисола нақлшуда ба Амир Хусрав тааллуқ доранд. Аз гуфтаи зерини Низомиддин Аҳмад низ то чи андоза шиносоии комил ва эҳтирому дилбастагӣ доштани ў ба ин шоир аён аст: "Ва ҳазрати Амир Хусрави Деҳлавиро дар мавоъизат чандин қасоиди ғаррост.

пешина
аз 625
навбатӣ