Равзанаи адаб

Байте чанд аз қасидаи "Баҳр-ул-аброр", ки муштамил бар як саду бист байт аст, дар ин ҷо қаламӣ мегардад".
Низомиддин Аҳмад ҳатто ба ихтироот ва навпардозиҳои шоир дар навъҳои шеър (мустазод) ва дар истифодаи санъатҳои бадеӣ (ташбеҳ) ишора менамояд.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳимтарини истеъмоли санъатҳои бадеӣ, ки барои равшан кардани баъзе хусусиятҳои сабку равия ва маҳорати адибон кўмак мерасонад, тарзи истифодаи санъатҳо дар асар мебошад.
Мутаассифона, муаллифони асарҳои адабиётшиносии тоҷику форс дар асрҳои миёна ба ин масъала диққати ҷиддӣ намедоданд ва ин ба назари мо боиси то андозае якрангу якнавохт гардидани асарҳои онҳо шудааст.
Масалан, дар "Маҷмаъ-ус-саноеъ" дар ин бобат танҳо баъзе ишораҳо мушоҳида мешавад. Низомиддин Аҳмад, чунон ки дар боло қайд шуд, гоҳо ба серистеъмол будани ин ё он санъати бадеӣ дар ашъори шоирони гуногун ишора карда бошад, ҳангоми шарҳи санъати сиёқ-ул-аъдод доир ба тарзи истифодаи он чунин мулоҳиза меронад: "Ва агар ба ин санъат (сиёқ-ул-аъдод-М.М.) санъате дигар аз қисми саҷъ ва ғайра ҳамроҳ гардад, пурмоя ва баландпоя гардад".
Қобили таваҷҷўҳ аст, ки Низомиддин Аҳмад нуқтаи назар ва мулоҳизаҳояшро доир ба ин ё он масъала иброз медорад. Чунончи дар зимни шарҳи санъатҳои радд-ул-аҷуз ило–ас-садр, ташбеҳот, муболаға, луғз таҳти унвони "нукта" ақидаҳояшро доир ба ном, тарзи истеъмол ва тафовути онҳо аз дигар санъатҳо баён мекунад. Мулоҳизаҳои муаллиф инчунин дар бобати аз ҳайси моҳияту мазмун ба истиора монанд будани ташбеҳи киноят ва ба лафуннашр шабоҳат доштани тақсим ҷолиби диққат аст. Масалан, муаллиф наздикии санъати тақсимро ба лафуннашр қайд карда, фарқи асосии онҳоро ҳам нишон медиҳад: "...ва ин санъат (тақсим – М.М.) монанди лафуннашр аст. Магар он ки дар ин ҷо изофат ба таъйин аст ва дар он ҷо не".
Ниҳоят бояд қайд кард, ки мисолҳои овардаи муаллиф аз ҳар ҷиҳат мувофиқи матлаб буда, асосан бо таъриф ва гуфтаҳои ў созгоранд.
Забон ва тарзи баёни муаллиф низ, чунон ки аз мисолҳои нақлшуда ҳувайдост, фасеҳу равон ва аз ҳар гуна олоишҳо пок буда, муроди муаллифро асосан равшан ифода менамоянд.
Вале дар рисола ба нудрат бошад ҳам, баъзан ба ҳам омехтани санъатҳои гуногун ва муғлақ ифода шудани матлаб мушоҳида мешавад.
Ба ин омехтагии санъатҳои талмеҳ ва тамлеҳ, мунозираву истиора ва баёни санъати мутаззод далел шуда метавонанд.
Умуман "Маҷмаъ-ус-саноеъ"-и Низомиддин Аҳмади Сиддиқӣ аз ҷумлаи асарҳои гаронмояи илми бадеъ буда, минбаъд дар муқоиса бо асарҳои дигари адабиётшиносӣ мавриди таҳлилу тадқиқ қарор додани он ба илми адабиётшиносии тоҷик манфиатҳои зиёде хохад бахшид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо