Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

"Парешон"-и Қоонӣ

Қоонии Шерозӣ (1807-1873) дар баробари ашъори фаровон як қатор асарҳои насрӣ ҳам аз қабили номаҳо, тарҷумаи ҳол ва "Парешон" офаридааст, ки маҳорати баланди ўро дар насрнависӣ нишон медиҳанд. Агар тарҷумаи ҳол ва номаҳои ў, ки намунаи хеле каме аз онҳо боқӣ мондааст, ба жанри иншонависӣ мансуб буда, танҳо дорои унсурҳои ҷудогонаи бадеӣ бошанд, "Парешон"
асари мукаммали бадеист, ки дар пайравии "Гулистон"-и Саъдии Шерозӣ навишта шудааст.
"Парешон"-и Қоонӣ нисбат ба осори манзуми ў бештар диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб кардааст. Ҳанўз ҳамзамону дўсти Қоонӣ муаллифи тазкираи "Ганҷи шойгон" Мирзо Тоҳири Исфаҳонӣ ба "Парешон" баҳои баланд дода, аз ҷумла менависад:
"...алҳақ, дар фиқраи насраш гулистонест ғамзудою нишотафзой ва ҳар фиқраи назмаш бўстонест дилфиребу ҳушрабой". Аксари муҳаққиқоне, ки дар бораи Қоонӣ сухан рондаанд, зимнан ба "Парешон"-и ў низ ишора намуда, бо як-ду ҷумла дар пайравии "Гулистон" навишта шудан ва соддаву латиф будани услуби онро таъкид кардаанд. Аввалин муҳаққиқе, ки омўзиши нисбатан мукаммали "Парешон"-ро ҳадафи асосӣ қарор додааст, эроншиноси чехӣ В. Кубичкова мебошад. Ў дар рисолаи худ "Қоонӣ – шоири асри XIX форс" боби асосиро ба тадқиқи "Парешон" бахшидааст. В, Кубичкова мазмуну мундариҷа ва сохти асарро баррасӣ намуда, сипас мазмуни мухтасари 123 ҳикояти асарро ба забони франсавӣ нақл мекунад. Рисолаи В. Кубичкова то ҳол муфассалтарин асари тадқиқотӣ роҷеъ ба "Парешон" мебошад.
Дар адабиётшиносии тоҷик бори аввал Р. Мусулмонқулов дар мақолаи мухтасаре хонандагони рўзномаи ҷавононро бо "Парешон" шиносо кард. Сипас муҳаққиқи ҷавон С. Нилобеков дар мақолаи "Қоонии Шерозӣ" пас аз зикри тарҷумаи ҳоли шоир "Парешон"-и ўро мавриди таҳлили қарор додааст. Муаллифи мақола "Парешон"-ро асосан дар муқоиса бо "Гулистон"-и Саъдӣ баррасӣ намуда, доир ба мавзўот, мазмуну мундариҷа ва услуби асар мулоҳизаҳо баён кардааст. Ҳарчанд "Парешон" беш аз дигар қисматҳои осори бадеии Қоонӣ мавриди тадқиқ қарор гирифтааст, вале бояд гуфт, ки ҳанўз бисёр масъалаҳои мазмуну мундариҷа ва поэтикаи асар ба таври амиқу ҳарҷониба таҳқиқ нашудааст. Аз ин рў ҳоло диққати асосӣ бештар ба тарафҳои кам тадқиқшудаи он равона мешавад.
Қоонӣ "Парешон"-ро соли 1836 дар синни 29-солагӣ дар як муддати кўтоҳ таълиф кардааст. Чунон ки аз фасли "Сабаби таълифи китоб" бармеояд, ў ба эҷоди ин асар бо хоҳиши яке аз дўстонаш шурўъ намудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ