Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нависанда номи дўсташро зикр накардааст, вале аз ишораи "яке аз бузургон, ки теғи шаҳоматро ҷавҳар аст ва кони кароматро гавҳар"4тахмин меравад, ки он шахс эҳтимол аз ҳокимон ва ё шоҳону шоҳзодагон бошад. Дар охири фасли мазкур ба Муҳаммадшоҳ (солҳои ҳукмрониаш 1834-1848) бахшида шудани "Парешон" таъкид гардида, 16 байт манзума дар мадҳи ў оварда шудааст. Бо хоҳиши ҳамин Муҳаммадшоҳ навишта шудани асар низ аз эҳтимол дур нест.
Қоонӣ дар хусуси номгузории асар таваққуф намуда, "Парешон" номи гирифтани онро ба вазъи ноороми худ дар он давра вобаста медонад: "...ҷидду ҳазле чанд дар ҳам рехтам ва бархе назму наср бо ҳам омехтам ва он ҷамъро ба муносибати ҳоли худ "Парешон" ном ниҳодам, чи ҳар киро ҳол парешон аст, мақол парешон аст".
"Парешон" аз муқаддима, фасли "Сабаби таълифи китоб", қисмати асосӣ ва хотима таркиб ёфтааст. Қисмати асосии асар зиёда аз 120 ҳикояи хурду калонро дар бар гирифтааст, ки ба мавзўъ ва масъалаҳои гуногуни ахлоқиву иҷтимоӣ бахшида шудаанд. Дар як қатор ҳикоятҳо тарғиби адолатпарвариву инсондўстӣ, некиву накўкорӣ, саховатмандиву ҳимматбаландӣ, дўстиву рафоқат, сабру қаноатмандӣ барин хислатҳои ҳамида мавқеи асосиро ишғол менамояд. Ҳарчанд ҳикоятҳои "Парешон", чунон ки худи Қоонӣ таъкид кардааст, номураттабу парешон ҷой гирифтаанд, вале тасодуфӣ нест, ки ҳикояти аввали асар монанди "Гулистон"-и Саъдӣ ба мавзўи адлу некии шоҳон бахшида шудааст. Қоонӣ адлу некиро ёдгори беҳтарини умри инсонӣ дониста, махсусан, ин сифатҳоро барои шоҳон амри зарурӣ мешуморад ва онҳоро ба некиву накўкорӣ даъват менамояд:
"Подшоҳе аз соҳибдиле суол кард, ки аз подшоҳон чӣ монад.
Гуфт: "Як чиз валекин ба ду сифат". Пурсид, ки он кадом аст. Гуфт:
"Ном, ки чун адлу эҳсон кунанд, ба некӣ ва илло ба зиштӣ..."
Умуман дар ҳамаи ҳикоятҳое, ки сухан аз аъмоли шоҳону ҳокимон меравад, нависанда дар навбати аввал некиву накўкориро талқин менамояд.
Бештари ҳикоятҳои асар танқиду мазаммати зулму ситам, ҳарисиву тамаъкорӣ, танбаливу танпарварӣ, бухлу ҳасад, дуздиву бадмастӣ, бадрафториву бадкирдорӣ, ғайбатгўиву ғаммозӣ, риёкориву фиребгарӣ ва дигар хислатҳои зишту манфурро дар бар мегирад.
Қоонӣ бар зидди ҷаврпешагии золимон баромада, зулмро дар ҳар шаклу намудаш сахт танқид мекунад. Ў зулмро оташи харобиовар дониста, золимонро аз хатари марговари он огоҳӣ медиҳад. "Ва ғолибан таҷрибат кардаем,- менависад ў,- ки аҳли зумл ба масобаи уммати Нўҳанд, ки чун нофармонӣ аз ҳад баранд, латмаи тўфон хўранд..."

пешина
аз 625
навбатӣ