Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар "Парешон" танқиди майпарастӣ ҳам ҷои муҳимро ишғол мекунад. Нависанда бо ҳар роҳ саъй менамояд, ки зарари бадмастиро дар ҳаёти инсон ва ҷомеа нишон диҳад. Аз ҷумла дар ҳикояти "Бодапаймои тавбакор" тарзи баёни ҳазломез ё худ юмори нозук бо ҳаҷви сахт омезиш ёфта, симои манфури бадмастеро, ки "бодаи дусола", на танҳо "обрўи сисолаашро" бурдааст, балки оқибат ўро ба ҳалокат расондааст, ба ҷилва овардааст. Зимнан дар ин ҳикоят зимомдорони риёкори дину шариат низ ба зери тозиёнаи танқид гирифта мешаванд. Муаллиф таъкид мекунад, ки ашхоси бадмасту бадахлоқ барои рўпўш намудани айбу гуноҳояшон ба худ ниқоби диндориву зоҳидиро мекашанд.
Дар ду ҳикояти дигар низ Қоонӣ бадмастиро пайваста бо юмори нозук мавриди тамасхур қарор медиҳад. Он ҳикоятҳо ниҳоят кўтоҳ буда, дорои кинояву таъризи сахт низ мебошанд.
Махсусан, дар ҳикояти зер, ки аз кўтоҳтарин ҳикоятҳои маҷмўа аст, нависанда ҳолати аз ақл дур гаштани бадмастро мавриди тамасхур қарор медиҳад:
"Масте бо бавли худ вузўъ мегирифт ва мегуфт: "Инна оллоҳ яҳуббу ал-мутаҳаррин".

Маст, к-аз бавли худ вузўъ кунад,
Аз чӣ онро таҳорат ангорад?
Ҳоли аҳмақ ба дўстист чунон
Бад кунад бо ту, нек пиндорад".

Дар "Парешон" 8 ҳикоят ба тасвири одобу ахлоқ ва рафтори занҳо бахшида шудааст. Мутаассифона, дар ҳамаи он ҳикоёт танҳо бадкориву бадрафторӣ, шаҳватпарастиву маккории занҳои сабукпо тасвир ёфтаанд. Масалан, дар ҳикояти "Зани ҷавону марди пир" на танҳо ишратороии зани қабеҳсират дар ғоиби шавҳараш бо марди бегона ба қалам омадааст, балки фиребгарии зан ва бо макру найранги ў ба занозаниву шаллоқи ҳамсоягон гирифтор гаштани мард тасвир шудааст. В. Кубичкова ҳам назари Қоониро нисбат ба зан бо образҳои занон дар достонҳои Фирдавсӣ ва Низомӣ муқоиса карда таъкид менамояд, ки "хусусиятҳои мусбат дар тасвири занҳо дар "Парешон" хеле кам буда", Қоонӣ асосан нақши пассивонаи занонро дар ҷамъияти мусулмонӣ ба қалам додааст.
Сабаби ин ҳолатро пеш аз ҳама бояд аз муҳити дарбори феодалӣ ҷуст, ки Қоонӣ бо он робита дошт. Муносибати таҳқиромез нисбат ба зан дар дарбори Қоҷориҳо ҷой доштааст.

пешина
аз 625
навбатӣ