Равзанаи адаб

Танҳо овардани ҳамин як далел кофист, ки Фатҳалишоҳ (1797- 1834) дорои 158 зан ва зиёда аз 900 сиға будааст. Ин вазъият ба тарзи андешаи Қоонӣ ҳам таъсир гузоштааст.
Масъалаи дигаре, ки дар "Парешон" ба назар мерасад, тасвиру ёдоварии ҳодисаву воқеаҳои гуногуни таърихӣ дар зимни ҳикоятҳо мебошад. Аз ҷумла дар ҳикояти "Зилзилаи Шероз"
заминҷунбии сахте, ки дар Шероз рўй дода, боиси харобии зиёде гаштааст, тасвир шудааст. Дар ҳикояти "Сафари Исфаҳон ва ҳикояти марди чормаҳолӣ" бошад аз қаҳтии азиме дар Исфаҳон ёд мешавад. Ҳикояти "Аббос Мирзо ва фатҳи қалъаи Сарахс" тасвири ҳуҷуми лашкари Эронро ба Хуросон дар соли 1248/1832 дар бар мегирад. Дар он забти қалъаи Сарахс, хеле сербарфу сард омадани зимистон, қаҳтиву гуруснагӣ дар Хуросон барин воқеаҳое, ки барои тадқиқи таърихи он давра хеле судманданд, зикр ёфтаанд.
Дар як қатор ҳикоятҳои "Парешон" тарғиби андешаҳои тасаввуфӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла дар ҳикояти ишқии ҳаҷман калони "Дилороме, ки Рабеъ ном дошт" нависанда саргузашти ошиқонаи худро баён мекунад. Ҳарчанд дар ҳикоят сухан пеш аз ҳама аз ишқи заминӣ меравад ва ҳатто номи маъшуқ зикр мешавад, вале аз руҷўъҳои зимни ҳикоят доир ба ишқи илоҳӣ ва пораи манзуми охири ҳикоят маълум мешавад, ки матлаби асосии нависанда ишқи илоҳӣ будааст ва ишқи заминӣ чун василае барои ифодаи он хидмат кардааст. Агар дар ҳикояти "Маликушшуаро Андалеб" шартҳои ба тариқат ворид шудани ҷавонон баён шуда бошад, дар ҳикояти "Амири дарвешдўст" ба гаравиш доштани худи Қоонӣ ба тасаввуф ишора шудааст. Дар зимни ҳикояти "Амири дарвешдўст" бошад Қоонӣ сабаби ба тасаввуф гаравиш пайдо карданашро ошкоро баён намудааст. Аз пораи зер маълум мегардад, ки пеш аз ҳама ҷиҳатҳои инсондўстии он маслаки тасаввуфӣ диққати адаби инсонпарварро ба худ ҷалб кардааст:
"Амир... пурсид: "Ҳабибо, аз пири шерозӣ, ки сарҳалқаи хомўшонаш донанд ва мақсади хирқапўшонаш хонанд, чӣ каромот дидӣ ва чӣ харқи одат шунидӣ?" Гуфтам: "Эй рафиқ, ҷуз инсоният каромате надидам ва ҷуз одамият хориқ одате нашунидам ва ғолибан дар ин замон, балки дар ҳар асре аз асъор каромате аз вуҷуди инсони комил дидан аз ин бартар набошад..."
Қисмати "Хотимаи китоб дар насиҳати абнои мулук" зиёда аз
90 панди нависандаро, ки асосан ба шоҳон нигаронида шудаанд, фаро мегирад. Дар ин қисмат андешаҳои Қоонӣ дар хусуси шоҳи одил, ки яке аз масъалаҳои умдаи афкори ахлоқиву иҷтимоӣ ва сиёсии халқҳои Шарқ аз замонҳои қадим то охири асри XIX ба шумор мерафт, ифода ёфтаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо