Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қоонӣ аз панди дуюм масъалаи шоҳи одилро ба миён гузошта, ўро дидабони ҳар амал ва ба низом орандаи умури мамлакат мешуморад. Яке аз вазифаҳои асосии шоҳро Қоонӣ дар он медонад, ки ў ҳамеша аз ҳоли мамлакат огоҳ буда, ҳар касро дар ҷои худ гузорад, яъне вазифаву мансабҳои масъулро ба шахсони нолоиқ насупорад ва агар сўйистифодаро дар кори мансабдорӣ мушоҳида кунад, зуд бартараф намояд. Масалан, ба назари Қоонӣ "касоне, ки зарофату шўхӣ бисёр кунанд, ё бағоят рафиқ-ул-қалбу васеъ-ул-хулқ бошанд, сардориву солории лашкарро нашоянд" ва баръакс "вазирону судур, ки хар чи тавозўъи вусъати хулқашон бештар бошад... накўтар фармоянд". Дар афкори ахлоқии Қоонӣ андешаи шоҳи одил бо масъалаи инсони комил алоқаманд аст ва бесабаб нест, ки ў шоҳи одилро ба инсони комил монанд мекунад:
"Султони одил манзалати инсони комил дорад, ки бояд аз ҳоли ҳар кас огоҳ бошад ва илло комил нест".
Қоонӣ дар пандҳои ҷудогона хислатҳоеро, ки барои шоҳи одил зарур аст, паи ҳам зикр менамояд.
Қисмати хулосаи "Парешон" то андозае "Рисола дар назми тамаддун ва таовун"-и маорифпарвари бузурги тоҷик Аҳмади Донишро ба хотир меорад. Вале бояд иқрор шуд, ки рисолаи Аҳмади Дониш комилан дар рўҳияи ислоҳотхоҳӣ навишта шуда, як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоиву сиёсиро дар бар мегирад ва дар пайдоиши онҳо бешубҳа сафарҳои ў ба Россия ва шиносоӣ бо вазъи он кишвар таъсири амиқе бахшидааст. Панду насиҳатҳои Қоонӣ бошанд асосан аз такрори андарзҳои ҳакимону донишмандони асрҳои пешин иборат аст. Рўҳияи ислоҳотталабӣ дар пандҳои Қоонӣ хеле кам буда, ниҳоят заиф садо медиҳанд.
Масалан, яке аз пандҳои нисбатан тозаи ў таин кардани ду вазир аст: "Подшоҳро ду вазир бояд: яке дохилро ва яке хориҷро ва бар подшоҳ лозим аст, ки миёни ин ду ислоҳ диҳад..." Аз эҳтимол дур нест, ки ин панди Қоонӣ натиҷаи мушоҳидаи ў аз сохти давлатии кишварҳои Аврупои Ғарбист, вале бояд гуфт, ки чунин мушоҳидаҳо дар "Парешон" хеле каманд.
Аҳмади Дониш низ масъалаи шоҳи одилро ба миён гузоштааст, вале ў ақлу адлро аз шартҳои аввалин он дониста, таъсиси машваратхона ва ҷорӣ кардани тарзу усулҳои гуногуни демократии идораи мамлакатро пешниҳод намудааст. Агар ба тариқи типологӣ нуқтаи назари шоҳи одили Қоониро бо андешаҳои Аҳмади Дониш ва ҳатто Саъдӣ доир ба шоҳи одил аз назар гузаронем, маҳдудияти андешаҳои Қоонӣ нисбат ба замонааш аён мегардад. Андешаҳои Қоонӣ аз консепсияи шоҳи одили Саъдӣ ва дигар гузаштагон тақрибан тафовут надорад.
Қоонӣ ҳарчанд забонҳои хориҷиро хеле хуб медонист, мутаассифона, аз таҳаввулоти назарраси иҷтимоиву сиёсии Аврупои Ғарбӣ огоҳӣ наёфтааст ва аз ин ҷост, ки дар масъалаи шоҳи одил қадами ҷиддие ба пеш гузошта натавонистааст.

пешина
аз 625
навбатӣ