Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамон тавре ки мушоҳида шуд, пандҳои "Парешон"-ро андешаи шоҳи одил бо ҳам алоқаманд кардааст. Ҳикоятҳои асар бошанд аз лиҳози мазмуну мундариҷа бо ҳамдигар робитаи сахте надошта, ҳар кадом ба сари худ мустақил мебошанд. Танҳо дар мавридҳои ҷудогона миёни баъзе ҳикоятҳо робитаи сустеро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ҳикояти тўлонии "Марди рустоие, ки ба шаҳр рафт" сафари марди деҳотие ба шаҳр тасвир мешавад. Дар ҳикояти баъдӣ "Ўрдугоҳи маликзода ва амири шикорчӣ" бошад сухан аз муфохирати маликзодае меравад. Вале дар зимни ин ҳикоят нависанда аз нав ба ҳикояти пешина руҷўъ мекунад: "Ҳабибо, қиссаи рустоӣ тамом кун, ки бечора доман дар зери сақф боздошта..." Аммо ин руҷўъ тасодуфӣ буда, ба мазмуну мундариҷаи ҳикоятҳо иртиботе надорад.
Пораҳои шеърӣ, ки дар "Парешон" хеле фаровонанд, асосан ба қалами худи Қоонӣ мансубанд. Аз ашъори шоирони дигар пораҳо хеле каманд. Аз ҷумла дар ҳикояти "Файласуф ва собиқаи хусумат" аз шеъри Ҷалолиддини Румӣ ду байт нақл шудааст.
Дар пораҳои манзум одатан мазмуну мундариҷаи ҳикоятҳо тақвият ва ҷамъбаст гардида, маъниҳои ниҳониву рамзии онҳо шарҳ дода мешавад. Вале дар баъзе пораҳо боз воқеае нақл мегардад, ки инро дар ҳикоятҳои "Зилзилаи Шероз", "Аблаҳе, ки оина ёфт" мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар бобати сохт ва бандубасти созмони дохилии "Парешон"
сухан ронда, як ҳодисаи аҷиберо қайд кардан зарур аст, ки мутаассифона, чунон ки дар мавқеаш хоҳем дид, бисёр муҳаққиқон ба он эътибор надода дар натиҷа ба арзиши асар баҳои нодуруст додаанд. Дар назари аввал миёни баъзе ҳикоятҳо ва порчаҳои манзуме, ки дар охири онҳо оварда шудаанд, робитае ба мушоҳида намерасад. Масалан, дар ҳикояти "Зане, ки аз дарича сар бароварда буд" бадахлоқиву дурўягии зане тасвир мешавад, вале дар пораи манзуми охири ҳикоят фиребгариву риёкорӣ ва дурўягиву зоҳирнамоии баъзе диндорон сахт танқид карда мешавад:

Эй басо кас, к-аз бурун бошад чу симе хушиёр
В-аз дарун монанди сими қалб сар то по ғаш аст.
Ҳар замон аз рўи солусу риё дар назди халқ
Сабҳа дар дасту забон дар коми ў дар гардиш аст.
Чун касе гўяд бад-ў, к-охир чӣ гўӣ зери лаб?
Ин чӣ зикри ҷонфизову в-ин чӣ вирди дилкаш аст?

пешина
аз 625
навбатӣ