Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чашмакон махмур созад, пас ба сад ғунҷу далол
Сар биҷунбонад, ки яъне дам мазан вирде х(в)аш аст.

Агар ба ҳикояти мазкур бо тааммуқ нигарем, маълум мешавад, ки байни ҳикоят ва пораи манзум як робитаи ниҳонии қиёсӣ мавҷуд аст. Муаллиф монандии ҳолат ва сирати зани бадахлоқ ва диндори риёкорро бидуни ишораи возеҳе нишон дода, дарки робитаро ба хонанда вогузор намудааст. Ҳоло бо ҳамин иктифо намуда, шарҳи муфассали ин масъаларо баъдтар идома медиҳем.
Забони "Парешон" ва тарзи ифода дар он ниҳоят соддаву равон буда, аз осори мансури асрҳои пешин ва замонаш аз ин ҷиҳат тафовут дорад. Калимаву ибораҳои душворфаҳми арабӣ дар ҳикоятҳои "Парешон" хеле каманд. Дар ҳикоятҳои "Парешон"
ҳарчанд зарбулмасалу мақолҳои халқӣ аз қабили "Чун аён аст, чӣ ҳоҷат ба баён аст", "То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст" зиёд нест, вале сохту таркиби ҷумлаҳо дар равияи латифаҳои халқӣ соддаву мўҷаз тартиб ёфтаанд. Бесабаб нест, ки дар зимни ҳикоятҳо баъзан латифаҳои машҳури халқӣ монанди "Дузде дар боғ", "Аҳмақ ва оина" оварда шудаанд.
Бо вуҷуди он ки "Парешон"-и Қоонӣ ба дараҷаи "Гулистон"-и Саъдӣ намерасад, дар байни ин ду асар дар баробари тафовуту умумиятҳо, ки чанде аз онҳо зикр шуд, як умумияти дигаре ҳаст, ки онҳоро ба ҳам наздик менамояд. Ин умумият дар услубу тарзи тасвири асарҳои мазкур зоҳир мешавад. Устод С. Айнӣ аввалин муҳаққиқи осори Саъдист, ки услуби ўро реалистӣ номида буд.
Муҳаққиқони эҷодиёти Қоонӣ низ тасвирҳои ҷудогонаи ўро дар осори манзуму мансураш реалистӣ қаламдод кардаанд. Аз ҷумла В. Кубичкова дар як гурўҳ ҳикоятҳои "Парешон" ҷой доштани тасвирҳои реалистиро таъкид мекунад. Тарзи нигориши реалистиро дар "Парешон" пеш аз ҳама дар тасвири ҳаёти воқеии мардум, қашшоқиву бенавоии онҳо дидан мумкин аст. Масалан, дар чанд ҳикояте, ки сухан аз дуздон меравад, пай бурдан душвор нест, ки ҳадафи асосии нависанда бештар нишон додани қашшоқиву нодории мардуми бечора аст. Аз ҷумла дар ҳикоятҳои "Дузд ва кулбаи бенаво", "Дузд ва хонаи дарвеши покбоз", "Дузди нобалад" ҳамин як ҳолат такрор мешавад, ки дузд дар хонаи одамони қашшоқ чизеро пайдо карда наметавонад. Ин як ҷузъиёти ҳаёти мардуми заҳматкаш аст, ки аз тарзи зиндагии ногувори онҳо шаҳодат медиҳад. Ҳарчанд тасвирҳои воқеии ба истилоҳ реалистӣ дар ҳикоятҳои "Парешон" мавҷуданд, вале ин маънои онро надорад, ки методи эҷодии Қоонӣ комилан реалистӣ қаламдод шавад. Дар ин бобат ҳақ ба ҷониби В. Кубичкова аст, ки навиштааст: "Дар муҳити замони худ ва ҳаёти шахсиаш Қоонӣ моҳияти реализмро намедид ва равшан дида ҳам наметавонист, аз ин рў реализми ў ҳанўз реализми ҳақиқии бадеӣ нест..." Дар бораи арзиши "Парешон" муаллифони тазкираҳо ва асарҳои тадқиқотӣ андешаҳои мухталиф баён кардаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ