Равзанаи адаб

Мирзо Тоҳири Исфаҳонӣ дар "Ганҷи шойгон" асари "Парешон"-ро аз "қабоеҳу... фазоеҳ" тамоман холӣ шуморидааст. Ин ақидаро Исмоили Ашраф низ тасдиқ кардааст. Адабиётшиноси эронӣ Яҳёи Ориянпур бошад "Парешон"-ро асари беарзиш дониста навиштааст: "Ракокату пардадарӣ дар баёни матолиб асари насрии ў китоби "Парешон"-ро низ, ки тақлиди ношиёнаест аз "Гулистон"- и Саъдӣ, зоеъ карда ва аз қадру эътибори он ба миқдори зиёд костааст..." Ба ин минвол муҳаққиқон ҳангоми баҳо додан ба "Парешон"
яктарафа муносибат карда, ба ифроту тафрит роҳ додаанд. Онҳо ҳатто ба гуфтаҳои худи Қоонӣ дар муқаддимаи асараш эътибор надодаанд. Албатта, Қоонии ҷавон, ки ба Саъдии бузургвр эҳтироми зиёд дошт, то андозае хоксорӣ карда, иқрор мешавад, ки "... мояи ман ба ҳадде нест, ки бо чунин кас (Саъдӣ – М.М.) таҳаддӣ ҷўям ва бар намати ў сухан гўям..." Аз тарафи дигар баъзе муҳаққиқон аз қабили Яҳёи Ориянпур дар асоси ҳикоятҳои зоҳиран беодобонаи "Парешон" ин асарро комилан беарзиш донистаанд. Вале, мутаассифона, из зумра муҳаққиқон мақсаду ҳадафи аслии нависандаро аз чунин ҳикоятҳо пай набурдаанд. Ҳол он ки худи Қоонӣ дар зимни яке аз ҳикоятҳояш ба матлабу маънии ниҳонии онҳо ишора намуда, дарки онро ба хонандаи соҳибдил ҳавола мекунад:
Эй дил, эй дил, халқи олам бештар тифланд, тифл,
К-аз барои ханда мехоҳанд ширин қиссае.
З-ин ҳама дар қисса бояд розҳо гуфтан ниҳон
То набошад кўдаконро дар шунидан ғуссае.
Ҳам магар, Қоониё, соҳибдиле пайдо шавад,
То ки дар ҳар қисса ёбад аз насиҳат ҳиссае.
Дар порчаи мазкур Қоонӣ ба ҷанбаи психологии он
ҳикоятҳояш ишора намуда, ҳадафи онҳоро аз як тараф ҷалби
таваҷҷўҳи хонанда ва аз тарафи дигар баёни пардапўшонаи панду
насиҳат медонад. Барои мисол ҳикояти "Кўдакони фалохандоз"-ро
гирем, ки байни мазмуни ҳикоят ва порчаи манзуми охири он
зоҳиран рабте ба назар намерасад. Агар дар ҳикоят дар хусуси
шўхии қабеҳи баччаҳо ва рафтори беақлонаи писарбаччае бо
модараш равад, пас дар порчаи манзум ҳаромхўрии муфтии шаҳр сахт танқид мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо