Равзанаи адаб

Нависанда тавассути тасвири фаҳшомез диққати хонандаро ба мутолиаи ҳикоят ҷалб намуда, дар порчаи манзум матлаби асосии худро баён кардааст:
Муфтии шаҳри мо, ки огаҳ нест
Аз ҳалолу ҳароми пайғамбар,
Моли мўҳтоҷро намуда ҳабо,
Хуни мазлумро гирифта ҳадар...
Дар ҳикояти боло миёни тасвири ҳикоят ва пораи манзуми он танҳо робитаи психологӣ (агар ҳамин тавр номидан ҷоиз бошад) мушоҳида мешавад. Дар чанде аз ҳикоятҳои дорои тасвирҳои қабеҳ бошад, чунон ки қаблан дидем, миёни ҳикоят ва пораи манзум робитаи маънавиро пай бурдан мумкин аст. Масалан, дар ҳикояти "Сафари Ироқ ва тавсани раманда" Қоонӣ воқеаеро, ки ҳангоми сафараш рўй додааст, ба тариқи ҳаҷв нақл мекунад. Аспе, ки нависанда савори он будааст, ҳар замон аз тизи додааш рамида саворро ба зер меафканад, ки ин боиси хашми ў мегардад. Дар охири ҳикоят ду пора шеър оварда мешавад, ки дар байти аввали онҳо ҳодисаи дар ҳикоят нақлшуда ҷамъбаст гардида, дар байти дуюм бошад риштаи сухан ба зоҳид пайваст мегардад ва зоҳид ба аспи мазкур монанд мешавад. Маълум мегардад, ки матлаби асосии нависанда аз нақли ҳаҷвия маҳз танқиди зоҳидони худбину риёкор будааст. Ин ҳикоят барои амиқ дарк кардани робитаи ғояву созмони дохилии ҳикоятҳои асар чун мифтоҳ мадад мерасонад. Зеро дар ҳикоятҳои дигар пораҳои шеърӣ тарзе оварда шудаанд, ки гўё миёни онҳо ва мазмуни ҳикоят робитае набошад.
Ташбеҳи ҳикояти мазкур моро ба он ҳидоят мекунад, ки дар байни онҳо робитаи ноаёни маънавиро ҷустуҷў намоем. Агар аз ин дидгоҳ назар андозем, робитаи маънавиро қариб дар ҳамаи ҳикоятҳо мушоҳида кардан мумкин аст.
Ҳамин тавр, ҳикоятҳои зоҳиран қабеҳи "Парешон" ҳарчанд дар алоҳидагӣ ба сари худ аҳамияти ахлоқӣ надоранд, вале чун василае барои баёни андешаҳои баланди иҷтимоиву ахлоқӣ хидмат кардаанд. Бинобар ин ҳангоми баҳо додан ба асар бояд ин ҷиҳати ҳикоятҳои он низ ба эътибор гирифта шавад.
Гуфтаҳои болоро ҷамъбаст карда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки "Парешон" на танҳо дар эҷодиёти Қоонӣ мавқеи муҳим дорад, балки намунаи барҷастаи насри соддаи бадеии нимаи аввали асри 19 буда, ҳарчанд ба пояи "Гулистон"-и Саъдӣ намерасад, вале аз беҳтарин асарҳои дар пайравии он навишта шуда ба шумор меравад. Қоонӣ дар "Парешон" беҳтарин анъанаҳои насри Саъдиро идома дода, барои ташаккул ва инкишофи насри реалистиву маорифпарварии нимаи дуюми асри XIX форс замина гузоштааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо