Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соли 1987

3 Нилобеков С. Қоонии Шерозӣ. – Чанд мулоҳизаи адабӣ.
Маҷмўаи илмӣ, серияи филологӣ, ҷ. 86.- Душанбе, 1973, саҳ. 119- 129.
Васфи бузургии мақоми инсон

Тасвири инсон, тараннуми орзуву омол, эҳсосу андеша, васфи муборизаву ҷидолҳои ў бо қувваҳои табиату ҷамъият, ситоиши бузургиву хирад, иқтидору тавоноии вай, мадҳи ахлоқу одоби ҳамида ва як қатор масъалаҳои марбут ба ҳаёту мамоти инсон аз мавзўъҳои ҷовидонии адабиёт ва санъат аст, ки аз замонҳои хеле қадим то имрўз бо рангу василаҳои гуногун зуҳур меёбад.
Таҷассуми бадеии инсон ва мақому бузургдошти он дар осори адабиву фалсафии шоир ва донишманди барҷастаи Шарқ Муҳаммад Иқбол (1877-1938), ки ворису давомдиҳандаи анъанаҳои наҷиби адабиёту фалсафаи Машриқу Мағриб аст, басо рангину муассир сурат гирифтааст.
Ҳаёт ва эҷодиёти ин суханвари номӣ бо муборизаи истиқлолхоҳии халқҳои Ҳинду Покистон, ки дар ибтидои асри Х ривоҷ пайдо карда буд, зич алоқаманд аст. Иқбол бо ашъори пурсўзу гудоз ва рисолаву хитобаҳои шўълавараш халқҳои гуногунзабону мухталифмазҳаби ватанашро ба муборизаи зидди аҷнабиёни истилогар рўҳбаланд намуда, эҳсоси худшиносии онҳоро бедор мекард.

пешина
аз 625
навбатӣ