Равзанаи адаб

Дар замони пурошўбе, ки кишварҳои гуногуни олам ва аз ҷумла Ҳиндустонро парешониву бесарусомонӣ, рўҳияи маҳзуниву дилшикастагӣ ва беқадрии мардум фаро гирифта буд, Иқбол дар қатори як гурўҳ шоирону донишмандони пешқадами давр ба ҳимояи ҳуқуқи инсони оддӣ бархоста, мақому мартабаи баланди ўро дар ҷамъият таъкид месозад. Аз нахустин навиштаҳои шоир ин оҳанг баланд садо медиҳад.
Дар ашъори давраи аввали эҷодиёти Иқбол, ки ба солҳои бистуми асри ХХ рост меояд, мавзўи ватандўстӣ ва иттиҳоду иттифоқи аҳли мазҳабҳои гуногуни Ҳинду Покистон мавқеи асосӣ дорад. Идеали иҷтимоиву эстетикии шоир дар он сурудаҳо инсонест, ки ба ватани худ меҳру муҳаббати беандоза дорад ва баҳри озодиву истиқлоли он мубориза мебарад. Ў барои барҳам задани мухолифату низоъҳои диниву мазҳабии халқҳои ҳиндуву мусулмон, ки боиси харобии ватан ва қашшоқии мардум гардида буд, кўшиш намуда, мардумро ба дўстиву иттиҳод даъват мекунад.
Иқбол аз навиштаҳои аввалини худ шурўъ карда ба тамоми мавҷудоту ҳодисоти олам аз нуқтаи назари инсони муборизу пешрав менигарад ва арзиши ҳама чизро аз ҳамин дидгоҳ муайян мекунад. Бояд ҳамаи ашёву мавҷудоти олам ба инсон, баҳри ташаккулу такомули он хидмат намояд. Ў ҳар он чиро, ки шахсияти инсонро тақвият медиҳад, нек ва ҳар чиро, ки ба шахсияти инсон осеб расонида онро суст мекунад, зишт мешуморад. Ин меъёр ҳам дар ашъори рангину пурхурўши шоир ва ҳам дар рисолаву асарҳои фалсафии ў мавқеи асосӣ дорад.
Мақому моҳияти инсон дар эҷодиёти Иқбол аз хама мўътабару болотар аст. Тамоми олами ҳастӣ ба вуҷуди инсон вобастагӣ дорад. Ҳамин инсон аст, ки оламу афлокро дар худ гунҷоиш медиҳад ва дар табиат ба худ ҳамтое надорад:
Он чӣ дар одам бигунҷад, олам аст,
Он чи дар олам нагунҷад, одам аст.
Бартар аз гардун мақоми одам аст,
Асли таҳзиб эҳтироми одам аст.
Иқбол пайдоиши инсонро инқилоби бузурги табиату олами
ҳастӣ мешуморад. Ба шарофати ҳамин одами хокиниҳоди "худгару
худшикану худнигар" аст, ки ишқу ҳусн, орзуву омол ва умуман
зиндагӣ маъниву таровате пайдо мекунанд. Ў сабабгор ва ҷавҳари
мавҷудияту пешрафти зиндагист. Вале шоир афсўс мехўрад, ки
ҳамин гуна мавҷуди олии табиат дар замони ў ҳанўз бандаву

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо