Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ғулом аст ва аз иқтидору имконоти худ наметавонад истифода барад:

Ҳанўз андар ҷаҳон одам ғулом аст,
Низомаш хому кораш нотамом аст.
Ғуломи фақри он гетипаноҳам,
Ки дар динаш мулукият ҳаром аст.

Иқбол аз вазъияти мардуми бенавои ватанаш, ки аз зулми чандтарафаи ҳокимону сарватмандон ва истилогарони аҷнабӣ хеле ба танг омада буданд, муассир гашта озодии инсонро таманно дорад. Шоир дар маснавии "Бандагинома" ғуломиву бандагиро, ки мардуми ҷафокаши кишвараш гирифтори он буданд, сахт маҳкум мекунад ва мардумро ба шикастану пора кардани занҷири ғуломӣ, ки на танҳо пову даст, балки ҷону дил, рўҳ ва тамоми ҳастии инсонро ба банд меорад, даъват менамояд:

Аз ғуломӣ завқи дидоре маҷўй,
Аз ғуломӣ ҷони бедоре маҷўй...
Банд бар по нест бар ҷону дил аст,
Мушкил андар мушкил андар мушкил аст.

Шоир барои раҳоӣ ёфтан аз вартаи ғуломӣ ва аз ҳоле, ки "зи сагон хортар аст", инсонро ба шинохтани қадру эътибори худ, мақому пояаш дар олами мавҷуд даъват карда, ўро аз иқтидору тавоноии беҳамтои созандагиаш огоҳ менамояд:

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омўз,
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

Худшиносиву худафрўзӣ, такя бар қувваю иқтидори худ, тааммулу тааммуқ ба олами ботинӣ ташаккулу такомули шахс ва майлу азми ў ба озодии мутлақ ва амсоли инҳо аз ҷиҳатҳои муҳимми афкори фалсафиву консепсияи ғоявию эстетикии Иқбол
– "худӣ", ки натиҷаи такмилу омезиши ғояи инсони комили фалсафаи асримиёнагии Шарқ ва ғояи шахсияти фалсафаи Ғарб аст, ба шумор мераванд.
Иқбол инсонро пеш аз ҳама ба шинохтани мақому моҳияти худ ва ташаккули шахсияташ даъват менамояд:

Бинӣ ҷаҳонро, худро набинӣ,
То чанд нодон ғофил нишинӣ...
Берун қадам неҳ аз даври офоқ Ту пеш аз инӣ, ту беш аз инӣ!

пешина
аз 625
навбатӣ