Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инсон набояд аз чизе ва ё мавҳумоте дар ҳарос бошад, зеро ў аз ҳама бузург аст ва тамоми мавҷудоти олам мутеъи ваянд:

Аз худ андешу аз ин бодия тарсон магузар,
Ки ту ҳастию вуҷуди ду ҷаҳон чизе нест.

Шоир инсони оддӣ, аз ҷумла инсони ҷафокаши Шарқро, ки таъмиргари ҷаҳону офарандаи ҳама гуна нозу неъматҳост, мўътабартарин мавҷудоти олам медонад ва аз ғарқи хоби ғафлат будани ў таассуф хўрда, вайро ба бедориву мубориза баҳри истиқлолу ба даст овардани ҳуқуқҳои худ талқин менамояд:

Номуси азалро ту аминӣ, ту аминӣ!
Дорои ҷаҳонро ту ясорӣ, ту яминӣ!
Эй бандаи хокӣ, ту замонӣ, ту заминӣ,
Саҳбои яқин даркашу аз дайри гумон хез,
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез!
Аз хоби гарон хез!

Танҳо аз нақароти ин шеър ҳам, ки аз такрору таъкидҳо иборат аст, шўру эҳсосоти баланди қалби шоир, ки аз ҳоли ногувори мардум моломоли дарду алам аст ва дилсўзиву тараҳҳуми самимии ў эҳсос мешавад:

Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез!
Аз хоби гарон хез!

Иқбол аз мушоҳидаи аҳволи тоқатфарсои мардуми бечораву номуроди ватанаш ба танг меояд ва дар дил орзуи инқилобу табаддулоти ҳаётро парварида амалӣ шудани он орзуро таманно дорад:

Ё бикуш дар синаи ман орзуи инқилоб,
Ё дигаргун кун ниҳоди ин замону ин замин
Ё чунон кун, ё чунин.

хитоб мекунад шоир ба ҳамватанаш.
Барои инқилобу дигаргунсозии ҳаёт танҳо орзу кофӣ нест, бояд осоишу оромиро тарк намуду саъю кўшиш, талошу муборизаро мароми худ қарор дод. Шоир ҳамватанонашро даъват мекунад, ки мисли мўрон дар талоши донае мудом зери хасу хошок умр нагузаронанд, балки ба монанди шоҳин баландпарвозӣ омўзанду баҳри озодии ватан мубориза баранд.

пешина
аз 625
навбатӣ