Равзанаи адаб

Иқбол ҳарчанд роҳи дуруси муборизаро ба равшанӣ тасаввур намекард, бо вуҷуди ин баҳри озодии кишвар аз мустамликадорони аҷнабӣ бо силоҳ мубориза бурданро таъкид месозад:
Лолаи ин чаман олудаи ранг аст ҳанўз
Сипар аз даст маяндоз, ки ҷанг аст ҳанўз.
Фитнаеро, ки дусад фитна дар оғўшаш буд,
Духтаре ҳаст, ки дар маҳди Фаранг аст ҳанўз.
Эй, ки осуда нишинӣ лаби соҳил, бархез,
Ки туро кор ба гирдоби наҳанг аст ҳанўз.
Иқбол моҳияти ҳаёти инсон, омили асосии ҳастиву пешрафти ўро дар ҳаракату такопўй, талошу мубориза медонад:
Дар ин дарё чу мавҷи беқарорам,
Агар бар худ напечам, нестам ман.
Инсоне, ки Иқбол ситоиш мекунад, маъюсу ноумед ва оҷизу нотавон нест, ў шахси боазму далер аст, ки бо мушкилоти рўзгору табиат мубоиза мебарад. Ў қодир аст, ки ҳама гуна монеаву душвориҳоро барҳам занад ва рўзгори наву созгорро барпо намояд:
Марди худдоре, ки бошад пухтакор,
Бо мизоҷи ў бисозад рўзгор.
Гар насозад бо мизоҷи ў ҷаҳон,
Мешавад ҷангозмо бо осмон.
Барканад бунёди мавҷудотро,
Медиҳад таркиби нав зарротро.
Гардиши айёмро барҳам занад,
Чархи нилифомро барҳам занад.
Мекунад аз қуввати худ ошкор
Рўзгори нав, ки бошад созгор.
Дар ҷаҳон натвон агар мардона зист,
Ҳамчу мардон ҷон супурдан зиндагист.
Идеали Иқбол низ монанди идеали ашъори Ҳофиз ва дигар
шоирони озодандеши гузаштаи Шарқ, ки бештар бо образи ринд
зуҳур мекард, мубориза аст. Вале тафовути идеали Иқбол аз он
образҳо дар он аст, ки вай ба зиндагӣ наздиктару амалиёти
муборизаи ў фаъолтар аст. Ин бешак ба вазъи замони онҳо алоқаманд аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо