Равзанаи адаб

Ҳофиз низ талабгори олами наву одами нав буд.
Вале дар замони ў сохти ҷамъиятӣ ва муҳити тираи феодалӣ барои равшан тасаввур кардани онҳо имкон намедод. Иқбол бошад дар тимсоли мамлакати советҳо ва одамони советӣ сохти нави ҷамъиятиву одами нави муборизи фаъолро медид. Аз ин ҷост, ки образҳои офаридаи ў гоҳо ҷиҳату хислатҳои ҷудогонаи онҳоро таҷассум менамоянд.
Инсони тавсифкардаи Иқбол созандаву ихтироъкор буда, бо қувваи хираду ақли расо ба табиату коинот ҳам метавон ҳукмравоӣ кунад ва аз қувваҳои азими табиат ба манфиати худ истифода кунад:
Бархез, ки одамро ҳангоми намуд омад,
Ин мушти ғубореро анҷум ба суҷуд омад,
Он роз, ки пўшида дар синаи ҳастӣ буд,
Аз шўхии обу гил дар гуфтушунуд омад.
Инсони асри ХХ бо донишу заковат, азму субот, талошу мубориза ва меҳнати эҷодкоронааш аз гаҳвораи худ – замин ба сўи сайёраву ситораҳои дур парвоз намуда, онҳоро мутеи худ мегардонад. Дар айёме, ки танҳо намунаҳои аввалину соддаи мушаку ҳавопаймоҳо сохта мешуданд, шоир фирўзиҳои ояндаи инсонро дар фатҳи коинот тасаввур мекард:
Бо нуриён бигў, ки зи ақли баланди даст
Мо хокиён ба дўши сурайё савораем.
Муносибати инсон ва ҷамъият аз масъалаҳои муҳимии консепсияи гуманистии шахсият дар эҷодиёти Иқбол мебошад. Аз назари Иқбол фард бе ҷамоат нотавону оҷиз буда, наметавонад арзи ҳастӣ кунад, Маҳз дар ҷамъият истеъдоду заковати шахс зуҳур намуда ба рушду камол мерасад. Шахс, ки худ ҷузве аз ҷамъият аст, бо ҷамоат мўнису пайванд гардида, аз ғаму шодӣ, орзуву ниятҳои мардум бохабар мешавад ва қуввату ғайрати худро барои беҳбудии зиндагии мардум ва пешрафти ҷамъият сарф менамояд. Ҷамъият низ маҳз ба туфайли меҳнату муборизаи фидокоронаву дастҷамъии одамон низоме пайдо карда пеш меравад.
Иқбол дар маснавии "Румузи бехудӣ" ҳамин гуна ҳамбастагии зичи фарду ҷамъият ва ягонагиву иттиҳоди ин ду қувваи пешбарандаи таърихро таъкид намуда менависад:
Фардро рабти ҷамоат раҳмат аст, Ҷавҳари ўро камол аз миллат аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо